“Китобхони беҳтарини моҳ” дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ
Маҳфили навбатии “Китобхони беҳтарини моҳ”, ки дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон дирӯз баргузор гардид, ғолиби маҳфил ва беҳтарин китобхони моҳи майро эълон кард.
Дар оғози маҳфил муовини директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода дар робита ба фаъолияти шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ҳарф зада, ёдовар шуд, ки шуъбаи мазкур яке аз фаъолтарин шуъбаҳои хидматрасонӣ маҳсуб ёфта, ҳамарӯза толори хониш пур аз хонандагон мебошад. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки давоми як моҳ ба шуъба 1100 хонанда ташриф оварда, наздик ба 4 ҳазор китоб дархост намудаанд.
Сипас, ғолиби маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ”-ро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд.
Нурбону Шамсиддинова-хонандаи синфи 8-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ғолиби маҳфил дар моҳи апрел эълон шуд.
Нурбону давоми як моҳ қариб ҳамарӯза ба шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон омада, 250 китоб дархост ва мутолиа намудааст – гуфта шуд, дар муаррифномаи ғолиби маҳфил.
Ба Нурбону Шамсиддинова барои ғолиб гардидан дар маҳфили шуъбаи мазкур Сипоснома, медал ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Нурбонуро дар маҳфил омӯзгораш Насиба Бобоҷонова ҳамроҳӣ мекард. Омӯзгори ин хонандаи фаъоли мо мегӯяд, ӯ дар мактаб низ дониши хуб дошта, ҳамаи фанҳои таълимиро аз худ мекунад. Дар олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон иштироки фаъол дошта соҳиби чандин медалу ифтихорномаҳо гаштааст. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…” тули се сол мешавад, иштирок мекунад. Нурбону мегӯяд, ки имсол мақсад дорам ғолиби озмуни орзуҳоям -“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…” гардам.
Бояд зикр кард, ки маҳфили мазкур бо мақсади боз ҳам зиёд кардани завқи наврасон ба мутолиа ва кашфи ҷаҳони дигаре барои онҳост. Дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ин гуна маҳфилу чорабиниҳо пайваста баргузор карда мешаванд, ки яке аз онҳо “Китобхони беҳтарини моҳ” мебошад. Аз таъсиси он ҳамагӣ панҷ моҳ сипарӣ шудааст ва дар ҳар маҳфил як нафар ғолиб бо Сипосномаву медали вижа ва дигар туҳфаҳои хотирмон аз ҷониби роҳбарияти Китобхона дар ҳамкорӣ бо Оҷонси рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) қадрдонӣ мегарданд.
Маврид ба зикр аст, ки Муборизи Зайниддин – хонандаи синфи 8 – уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ноҳияи Сино бо мутолиаи 120 асар дар моҳи январ, Фарҳод Худойназаров – хонандаи синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо мутолиаи 190 асар дар моҳи феврал, Холисамоҳ Мирзоалиева, хонандаи синфи 7-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 и ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон бо мутолиаи 200 асар дар моҳҳои қаблӣ ғолиби маҳфили мазкур гардидаанд.
Сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон Шаҳноза Даниярова гуфт, мо тасмим дорем то охири сол ҳар моҳ ин маҳфилро баргузор намуда, хонандагонро бештар ба китобхонӣ ҳавасманд созем.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.