“Китобхони беҳтарини моҳ” мавсими аввали худро ҷамъбаст кард

Китобхони беҳтарини моҳ”- маҳфиле, ки давоми соли 2025 ҳар моҳ дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ роҳандозӣ мегардид, аввалин мавсими худро ҷамъбаст кард.

Имрӯз дар ҷамъбасти фасли аввали ин маҳфил директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода, муовини директор Муҳаммадиқбол Атозода ҳамчунин ғолибон ва хонандагони шуъбаи мазкур ширкат варзиданд.

Директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода дар оғоз ҳамаи ғолибонро ба фарорасии Соли нави 2026 шодбош гуфт. Қайд гардид, ки ҳадафи ҳамаи кормандони Китобхона танҳо ва танҳо ҷалби хонандагон ба китобу китобхонӣ аст. Маҳз бо ҳамин мақсад мо дар шуъбаи адабиёти кӯдакону наврасон пайваста маҳфилҳо баргузор мекунем, то ки наврасонро бештар ба китобхонӣ ҷалб созем. Маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ”- аз ҷумлаи чунин ҳадафҳои мо буд, ки давоми сол хостем онро амалӣ созем.

Хонандагони шуъбаи мазкур дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона дошта, соҳиби ҷойҳои аввал ва ифтихорӣ мегарданд, ки ин барои мо мояи ифтихор ва сарфарозист.

Дар идома, ғолибони моҳи ноябр ва ғолиби сол дар маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ” эълон гардиданд. Нозанини Шуҳрат донишҷӯи курси якуми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар моҳи ноябр бо мутолиаи беш аз 500 асари насрӣ дар шуъбаи мазкур беҳтарин китобхон эълон гардид.

Беҳтарин китобхони сол барои ин мавсим Табассуми Ҷиёнхон -хонандаи синфи 11-уми МТМУ-и №3 и ноҳияи  Муъминобод дониста шуд.

Бояд гуфт, Табассуми Ҷиёнхон имсол дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи  номинатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” ба гирифтани Шоҳҷоиза мушарраф шуд. Ӯ бо ифтихор мегӯяд, тули се сол дар Озмун ширкат мекардам дар соли чорум бо шуъбаи шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ пайвастам, ин ҷо воқеан барои расидан ба орзуҳоям ба ман хеле кӯмак кард.

Ҳар рӯз ба ин ҷо меомадам ва бо роҳнамоии устодам Шаҳноза Дониёрова ба мутолиаи дурусти китобҳо аз рӯзи меъёри Озмун пардохтам. Гаштаю баргашта асарҳоро мехондам, то ки мазмуни онҳоро дуруст дарк кунам ва ҳамаи ин роҳ маро бурд ба қулла. Сазовор шудам ба дарёфти “Шоҳҷоиза”-и ин озмуни бонуфуз”- бо эҳсоси баланд мегӯяд, Табассуми Ҷиёнхон.

Маҳз бо ҳамин талошу кӯшишҳо ӯ дар соли 2025 дар шуъбаи кӯдакон ванаврасони Китобхонаи миллӣ “Ғолиби сол” дар маҳфили китобхонони беҳтарин эълон шуд.

Барои қадрдонии ғолибон ба онҳо Ифтихорнома, медал ва туҳфаҳои рамзӣ аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ тақдим карда шуд.

Маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ” дар ҳамкорӣ бо Телевизиони кӯдакону наврсон “Баҳористон” баргузолр гардида, ҷараёни он тариқи телевизиони мазкур пешкаши бинандагон карда мешавад.

Барои ҳамкориҳои пайваста бо Китобхонаи миллӣ дар давоми сол  коргардони Телевизиони “Баҳористон” Музаффар Сулаймонов бо Сипоснома аз ҷониби Китобхонаи миллӣ қадрдонӣ гардид.

Хонандагоне, ки давоми сол фаъолияти хуб нишон, дода ғолибони маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ” гардиданд:

Зайнидини Мубориз – хонандаи синфи 8  МТМУ №60 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

Мирзоалиева Холисамо – хонандаи синфи 7 МТМУ 2 ноҳияи Восеъ.

Худойназаров Фарҳод – хонандаи синфи 8 МТМУ №8 ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

Худойназарова Фарида – хонандаи синфи 7 МТМУ №1, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

Нурбону Шамсиддинова-хонандаи синфи 8-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе,

Нигматов Абубакр-хонандаи синфи  5 МТМУ №20 шаҳри Душанбе моҳи июн.

Исматова Мадина  аз МТМУ №166, ноҳияи  Рӯдакӣ.

Муҳиддинзода Муҳтадӣ – хонандаи синфи 11 литсей барои хонандагони болаёқат.

Манонзода Марям – хонандаи синфи 4-и гимназияи №1-и ноҳияи Варзоб.

Ашӯрова Рухшона хонандаи синфи 10, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

Нозанини Шуҳрат – донишҷуи курси якуми факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ.

Табассуми Ҷиёнхон -.ғолиби сол, хонандаи синфи 11 МТМУ №3 ноҳияи Муъминобод.

Маврид ба зикр аст,ки дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон маҳфилҳои гуногун аз ҷумла “Ҳамешабаҳор” бо Шоири халқии Тоҷикистон устод Хайрандеш, “Фурӯғ”, “Дар суҳбати адиб”, “Китоби нав”, “Панҷаи ҳунар” ва “Китобхони беҳтарини моҳ” баргузор мегарданд, ки барои ҷалби бештари наврасон ба китобхонӣ саҳми бориз гузошта метавонанд.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа