“Китобхони беҳтарини моҳ”. Озмун ҷамъбаст ва ғолиб  муайян гардид

Китобхони беҳтарини моҳ“Китобхони беҳтарини моҳ”- маҳфили ҷадид дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, ки давоми як моҳи охир роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст шуд. Беҳтарин китобхон дар моҳи январ муайян ва бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардид.

Муборизи Зайниддин хонандаи синфи 8 – уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ноҳияи Сино бо мутолиаи 120 асар дар давоми моҳи январ ғолиб ва “Китобхони беҳтарини моҳ”- эълон шуд. Муҳаммадиқбол Атозода – муовини директори Китобхонаи миллӣ дар маҳфил ширкат ва суханронӣ намуда, ҳамчунин ба ғолиб Сипоснома, медал бо нишони беҳтарин китобхон ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд.

Бояд гуфт, шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ҳамчун ташабускорӣ асосии ин маҳфил давоми моҳ хонандагони шуъбаро, ки пайваста ба толори бачагона омада китобҳоро мутолиа мекунанд, ҳавасманд мегардонад.

Ташкил ва баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани завқи китобхонии кӯдакону наврасон  ва ҳавасмандии онҳо ба китоб таъсири амиқ мегузорад. Бо ҳамин мақсад шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар баробари маҳфилҳои “Фурӯғ”, “Дар суҳбати адиб” ва “Панҷаи ҳунар” маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ”- ро дар шуъбаи мазкур ҷорӣ намуд. Аз рӯзи эълони маҳфил хонандагон ба он таваҷҷуҳ намуда, бештар ба китобхонӣ меоянд”- мегӯяд, Шаҳноза Дониярова сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.

Китобхони беҳтарини моҳШаҳноза Дониярова қайд намуд, ки дар баробари Мубориз даҳҳо хонандагон ба хотири озмун миёни ҳам рақобат мекарданд. Ҳар яке мехост бештар китоб хонад ва ғолиби озмуни “Китобхони беҳтарини моҳ“ гардад.

Хонандагон мо  аксарият то 80-100 асарро давоми моҳ мутолиа карданд, вале Муборизи Зайниддин ҳамарӯза ба Китобхона меомад ва дар охири моҳ муайян гардид, ки ӯ 120 асар мутолиа кардааст. Муборизро адиби бачаҳо Азизи Азиз суолу ҷавоб карда, ӯро ғолиб донистанд” – гуфт Шаҳноза Дониярова.

Китобхони беҳтарини моҳДар анҷом бо дастгирии роҳбарият ва шуъбаи менеҷмент ва маркетинги Китобхонаи миллӣ Муборизи Зайниддин бо Сипосномаи роҳбарияти Китобхона, медал  ҳамчунин туҳфаҳои хотирмон аз ҷониби лоиҳаи рушди СММ қадрдонӣ шуд. Маросими ҷамъбастии озмуни “Китобхони беҳтарини моҳ” дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ тариқи Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” пурра сабт гардида, ҷараёни он аз ин шабака намоиш дода мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин нашри ин барнома аст ва дар назар аст он давоми сол идома ёфта, ҳар моҳ беҳтарин китобхонҳоро муайян намояд. Муборизи Зайниддин яке аз аввалин ғолибони лоиҳаи ҷадид дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ маҳсуб ёфта, умед аст ба монанди мубориз даҳҳо китобдӯстони дигар тариқи ин маҳфил кашф мегарданд.

Наргис Назарзода,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа