Китобхони беҳтарини моҳи май интихоб шуд
Маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ” ин бор хонандаи синфи 7-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Фарида Худойназароваро ғолиб донист. Фарида унвони ғолибиятро бо мутолааи 160 асари бачагона дар моҳи май ба даст овард.
Шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шуъбаи менеҷмент ва маркетинги Китобхона ва дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва телевизиони кӯдакон ва наврасон “Баҳористон” маҳфили навбатии “Китобхони беҳтарини моҳ”-ро ҷамъбаст намуд. Чун ҳамеша ғолиби маҳфил бо Сипоснома, медал ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гашт.
Гуфтанист, ки маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ” чун анъана бо иштироки хонандагони фаъоли шуъбаи кӯдакону наврасони Китобхонаи миллӣ баргузор шуд. Ин навбат хонандаи синфи 7-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Фарида Худойназарова бо хондани 160 асари бачагона дар моҳи май ғолиби маҳфил дониста шуд.
Дар маҳфил Фаридаро омӯзгораш Давлатмоҳ Нозимова, холааш Хадича Муродова, дӯсташ Нурбону ва хоҳаракаш Фирӯзаҷон ҳамроҳӣ намуданд. Зимни суҳбат муаллима Давлатмоҳ Талбаковна қайд кард, ки Фарида пайваста дар озмунҳои мактаб иштирок намуда, ғолибият ба даст меорад ва ман итминон доштам, ки дар ин озмун низ ӯ муваффақ хоҳад шуд.
Холаи Фарида Хадичабону мегӯяд, ки Фарида духтараки бисёр ҳалиму меҳрубон аст. Ӯ ҳамеша дар корҳои хона ба модараш ёрӣ мерасонад. Ҳамчунин ба хоҳаракаш, ки акнун синфи 1умро ба итмом расонид, дар иҷрои вазифаҳои хонагиаш кумак мекунад.
Нурбону, ки бо Фарида дар шуъбаи кӯдакону наврасони Китобхонаи миллӣ шинос шудаву дӯстӣ пайдо кардааст, дугонаашро ҳамчун дӯсти бовафову китобдӯстдор муаррифӣ мекунад.
Гуфтан бамаврид аст, ки Фарида Худойназарова дар воқеъ мутолааи китобро дӯст медорад ва пайваста аз адибони классики тоҷик, адибони адабиёти ҷаҳон ва адабиёти бачагона ба забонҳои русиву тоҷикӣ китоб мехонад. Адибони дӯстдоштаи ӯ Фазлиддин Муҳаммадиев, Болта Ортиқов, Агния Барто ва Самуил Маршак мебошанд.
Ба ҷуз хондани китоб, Фарида қироати шеърро низ хеле дӯст медорад, ки ин меҳр ба вай даст додааст то худаш ҳам шеър гӯяд. Шеърҳои эҷодкардааш дар маҷаллаву рӯзномаҳои кӯдакона “Салом, оянда”, “Ворисони Сомониён”, “Пайрав” ва “Анбоз” чоп шудаанд. Боиси ифтихор аст, ки соли 2024 4 ва соли ҷорӣ 2 шеъраш дар китоби “Килки сабз” рӯи чоп омаданд.
Аё модар, чи зебоӣ!
Ту чун гулҳо шукуфоӣ!
Аё модар, чи дилёбӣ,
Дилороӣ, ба дил ҷойӣ!
Ё худ:
Тоҷикам аз Тоҷикистон,
Тоҷ бар сар, тоҷбардор.
Тоҷро бар сар ниҳодам
Бошам инро ман сазовор.
Бояд гуфт, шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ҳамчун ташабускори асосии ин маҳфил ва маҳфилу чорабиниҳои дигари ҳадафмандаш дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Телевизиони кӯдакону наврасон Баҳористон” талош мекунад, то баҳри ҳавасмандгардонии бачаҳо ба китобу китобхонӣ ва китобхона саҳми босазои худро гузорад.
Махфират Муҳидинова
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.