Китоби «Бохтар» аз силсилаи «Тоҷнома» чоп шуд

Китоби дигар аз силсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) бо номи «Бохтар» аз чоп баромад. Ин панҷумин китоб аз ин силсила буда, дар ду ҷилд таҳия шудааст ва он дар бораи таъриху забон ва фарҳангу тамаддуни гузаштаи мо, хусусан азамати давлати Бохтар ҳикоят мекунад. Китоби мазкур дар силсилаи “Тоҷнома” аз ҷойгоҳи вижа бархурдор аст.

 Ин китоби дуҷилда бо андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Дар ҷилди аввали он бахше аз китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба ҷои сарсухан ва дар ҷилди дуюм бахше аз китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” ба ҷои пешгуфтор оварда шудааст.

 Қисматҳои баъдӣ аз осори муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ аз ҷумлаи Б. Ғафуров, Ю. Яъқубшоҳ С. Назарзода, А. Лаълзод, В.М.Массон., В.И. Сарианидӣ., И.Р. Пичикян., Л. Т.Пянкова., И. В. Пянков., И.М. Оранский., ки марбут ба фарҳангу забони бохтарӣ аст, фароҳам омадааст. Ин қисматҳо як даврони комили таърихии фарҳанги миллати тоҷикро дар бар гирифта, аз маълумотҳои зиёди судманд оид ба расму ойин, урфу одат ва маданияти шаҳрдории тоҷикон дар асрҳои дур бо шавоҳиди таърихӣ ба таври возеҳу равшан  иборат аст.

Тавре ки дар ин китоб омадааст, Бохтари таърихӣ аз қаторкўҳҳои Ҳисор то Ҳиндукуши имрўза доман густурда буд. Ин калимаи барои тоҷикон муқаддас ва азиз, хусусан дар осори илмии Юнони Қадим аслан бо эҳтироми баланд ёд мешавад. Гоҳҳо мебинем, ки Бохтар ҳамчун яке аз қисматҳои муҳими Ориёни Бостон ба ҳайси як давлати қудратманд ҷилва мекунад, ки юнониёну румиёни қадим кину душманӣ ба он меварзанд ва ҳамвора аз қудрати Бохтар дар биманд.

Арзиши ин китоб дар ҳамин аст, ки тавонистем як маводи тоза ва судманд дар дасти хонандаи тоҷик қарор бидиҳем. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора менамоянд: “Омўхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки ин барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст”.

Яке аз ҳадафҳои Маркази “Тоҷикшиносӣ” низ таҳия ва ба нашр расонидани силсилаи китобҳои «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун) мебошад, ки мероси хаттии тоҷиконро аз аҳди бостон то даврони истиқлоли Тоҷикистон ва таҳқиқоти дар мавриди таърихи тоҷикон анҷомёфтаро дар бар мегирад. Силсилаи мазкур бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чоп мерасад.

Манижабону Убайдуллоева,

сардори Маркази “Тоҷикшиносӣ”