Китоби дарсие, ки 35 сол пеш чоп шуд ва ҳамоно боаҳамият аст

Адабиёти тоҷикКитоби дарсии “Адабиёти тоҷик” (асрҳои XVI-XIX ва аввали асри XX) соли 1988 чоп шудааст ва ба қалами донишмандони маъруфи адабиёти кишвар Расул Ҳодизода, Садрӣ Саъдиев ва У.Каримов мутааллиқ аст.

Бо гузашти 35 сол ҳам ҳамоно онро меҷӯянд, мехонанд. Муаллифон ин китоби дарсии худро барои донишомӯзони мактабҳои олӣ иншо кардаанд ва талош намудаанд он фарогири ҳамон матолибе бошад, ки барои як донишҷӯ донистани он муҳим аст.

Бобҳои китоб бо асрҳо ҷудо шуда, гоҳо муфассалтар ва гоҳи дигар мухтасар  дар бораи вазъи замон ва ҳаёти адабиву фарҳангии давр, намояндагони барҷастаи адабиёти ҳамон аср маълумот додаанд.

Дар китоб хонанда дар бораи аҳвол ва осори Бадриддини Ҳилолӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Саййидои Насафӣ, Муҳаммадбадеъ бинни Муҳаммадшарифи Малеҳои Самарқандӣ, Сайидкамол  Фирати Зардӯзи Самарқандӣ, Мулҳами Бухороӣ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Ҷунайдуллои Ҳозиқ, Аҳмад Махдуми Дониш, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддини Шоҳин, Тошхоҷаи Асирӣ, Мирзо Сироҷиддини Ҳаким маълумоти лозимӣ пайдо мекунад.

Ин китобро шумо метавонед дар Китобхоонаи миллӣ мутолиа намоед. Ҳачунин нусхае аз он дар толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд вуҷуд дорад.

Рисолат ШЕРАЛИЕВА, мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.