Китоби дигар дар шинохти Ғоиб Сафарзода

Ғоб СафарзодаМонографияи илмии Маҳтовбӣ Мирзоева “Рӯзгор ва осори Ғоиб Сафарзода” ба таҳлилу таҳқиқи рӯзгор ва осори яке аз шоирони номдори адабиёти солҳои 60-ум ва 70-уми қарни ХХ Ғоиб Сафарзода дар асоси сарчашмаҳо маҳсуб ёфта, ба ин восита ҷойгоҳи нависанда, махсусан дар ташаккули назми ин давра таъйин гардидааст. Ашъори Ғоиб Сафарзода аз нигоҳи мазмуну ғоя ва ҳунари нигорандагӣ ба дараҷаи баланди шеъри имрӯз қарор дошта, дар тарбияи ватандӯстӣ ифтихори миллӣ ва худшиносии наслҳои гуногуни хонандагон саҳмгузор аст. Монография ба доираи васеи хонандагон, хосатан мутахассисони соҳаи суханшиносӣ пешниҳод шудааст.

Муаллиф дар сарсухан аз ҷумла навиштааст, ки шеърҳои Ғоиб Сафарзода ҳарчанд дар матбуоти даврӣ тез-тез ба табъ мерасиданд ва ӯ миёни адибону суханшиносон, дӯстдорони назм ҳамчун шоир шинохта мешуд, вале шоир аз серталабӣ нисбат ба эҷодиёти хеш ва хоксорӣ ба чопи маҷмуаи ашъораш шитоб намекард. Дар муаррифии Ғоиб Сафарзода ҳамчун шоири ҷавону боистеъдод пешгуфтори Мирсаид Миршакар, ки барои маҷмуаи аввалини шоир «Корвони орзу» (соли 1969) ниҳоят арзишманд аст. Бо ин сарсухан М. Миршакар гӯё ба шоир номаи эътироф дод. Дар сарсухан омадааст: «Муаллифи ин гулчин Ғоиб Сафарзода ҳам яке аз сухансароёни ҷавонест, ки дар муддати каме тавонистааст номи худро дар зеҳни аҳли завқу эҳсос ҷой дода, сазовори номи шоир гардад»

Ба андешаи мо, дар адабиётшиносии тоҷик аввалин суханшиносе, ки дар мавриди бозёфт ва бурду бохти эҷодии Ғоиб Сафарзода нисбатан мукаммал сухан гуфтааст, адабиётшинос Соҳиб Табаров мебошад. Мавсуф дар «Сурудаҳои вопасин» ном мақолааш, ки ба мазмуну мундариҷа, услуб, банду баст ва санъати сухани шеърҳои маҷмуаи дувум ва баъдимаргии шоир «Ошёни офтоб» (1972) бахшида шудааст, моҳи декабри соли 1972 чунин изҳори ақида кардааст: «Шеърҳои маҷмуаи «Ошёни офтоб»-и Ғоиб Сафарзода аз ҷиҳати сохт ва бандубаст хеле кӯтоҳ ва аз ҷиҳати баёни фикр ва изҳори ақидаи иҷтимоӣ ва эстетикӣ санъаткорона ва пурмазмуну сермаъно навишта шудаанд. Ӯ дар қисме аз шеърҳояш чун бисёр саромадони ашъори лирикии форсу тоҷик дар ҳар байт як фикри том ва бутунро баён менамояд, ки ин хусусияти услубӣ бори дигар ҳампайвандии ашъори шоирро бо назми Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва ё Лоҳутию Турсунзода ва дигарон исбот менамояд…»

Маҳорату истеъдоди баланди шоир, шеъри пурмазмуну навоҳанг тавонист Ғоиб Сафарзодаи ҷавонро дар андак муддат шуҳрат бидиҳад ва суханварӣ биомӯзад.

Шуҳрати шоирӣ ва маҳсули эҷодии Ғоиб Сафарзода таваҷҷуҳи донишмандони мазбурро ҷалб кардааст ва эшонро ба таълифи мақолаву сарсухану  гузоришҳои илмӣ танқидӣ водор намудааст, аммо ҳеҷ кадоми онҳо дар таълифоташон рӯзгору осори адабии шоирро ба таври кулли матраҳ накардаанд.

Бинобар ин, дар монография пажуҳиши масъалаҳои ҳаёт ва эҷодиёти Ғоиб Сафарзода, ҳунари шоирӣ, бадеият, анвои адабӣ, шаклу муҳтавои каломи шоир, нақш ва ҷойгоҳи вай дар ташаккул ва таҳаввули шеъри солҳои 60-70-и садаи ХХ ва монанди инҳо ба таҳқиқ гирифта шудааст, ки ба суди илми адабиётшиносии тоҷик хоҳад буд.

Хонандагон китоби «Рӯзгор ва осори Ғоиб Сафарзода»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ суроғ кунанд ва бихонанд.

Фарзона Шарифова
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.