Китоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро дар Телеграмканали мо бихонед
Масъалаи забони тоҷикӣ ва ҷойгоҳи он дар зиндагии миллати мо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат мебошад. Чуноне дар ҷилди дуюми китоби “Забони миллат-ҳастии миллат” омадааст:
«Китоби дувуми «Забони миллат – ҳастии миллат» бо номи «Забон ва замон» давраи густариши забони тоҷикиро аз замони пурпечу фарози турктозиҳои пурвусъат, ки аз ҳуҷуми муғул шурўъ шуда, бо аз байн рафтани охирин дудмони туркнажод дар Осиёи Миёна – сулолаи манғитиён анҷом меёбад, фаро мегирад.
Ҳадафи китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» низ таъкиди ҳамин ҳақиқат аст, то ҳамватанони азиз, махсусан насли ҷавони кишвар, аз таърихи пурфарозу нишеби забони модарии хеш ва аз ниёкони муваффақашон дар таърихи замони худ дарси пирўзӣ ва ватанпарастиву бунёдкорӣ омўхта, иштибоҳоти ҷавонони бетаҷрибаву фирефтаи солҳои 90-уми асри гузаштаро такрор накунанд ва нерўи бузурги ҷавониро дар роҳи растохези миллӣ, ободиву тараққӣ ва сарфарозии халқу Ватани хеш сарф намоянд».
Ин китобест, ки бояд ҳар фарди миллат бихонад ва аз гузаштаи забону фарҳангу тамаддуни худ огоҳ шавад.
Китобро дар Телеграмканали мо метавонед мутолиа ва ё боргирӣ кунед.
Он ин ҷост: “ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ”
Бо ин суроға ворид шуда шумо метавонед чандин китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди мутолиа қарор диҳед.