Китоби нав. “70-сол дар роҳи омӯзиши таърихи миллат”
Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омӯзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки соли 2021 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Дар давоми ҳафтод соли фаъолияти худ институти мазкур дар пажӯҳиши таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик нақши бориз гузошта, теъдоди зиёди таҳқиқотҳои бунёдӣ, рисолаву асарҳои илмӣ ва корҳои бостоншиносию мардумшиносиро ба анҷом расонидааст.
Дар ин муддат ду маротиба таърихи ҷомеаи халқи тоҷик аввал дар се ҷилду панҷ китоб ва баъдтар дар шаш ҷилд ба забони русӣ аз тарафи олимони ин марказ ба чоп расидааст. Имрӯзҳо тасмим гирифта шудааст, ки дар давоми солҳои 2021-2030 таърихи халқи тоҷик ба забони тоҷикӣ дар 12 ҷилд омода карда шавад.
Муаллифони бахшҳои алоҳида фаъолияти ҳафтодсолаи институтро дар самтҳои таърих, таърихнигорӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, маъхазшиносӣ, сиккашиносӣ ва дигар шохаҳо ба риштаи таҳлил кашида, нақши муассисаро дар омӯзиш ва тасвири таъриху фарҳанги халқи тоҷик нишон додаанд.
Китоб таҳти назари доктори илмҳои таърих, профессор Убайдулло Насрулло Каримзода нашр шуда, ба оммаи васеи хонандагон ва дӯстдорони таърихи пурғановати халқи тоҷик пешниҳод шудааст.
Чанд нусха аз ин китоб ҳоло ба Китобхонаи миллӣ расидааст ва хонандагон метавонанд аз он истифода баранд.
МадинаҲамидова.