Китоби нав. А. Муминов: «Муқаддимаи фалсафаи иҷтимоӣ»
Ин китоб соли ҷорӣ чоп шудааст ва муаллифи он доктори илмҳои фалсафа Муминов А.И. мебошад. Дар муқаддимаи китб омадааст, ки фалсафа чунин соҳаи донишест, ки дар он консепсияҳо, назарияҳо ва ҷараёну самтҳои зиёди ба якдигар рақобатпазир ва ҳатто донишҳои ғайриилмӣ низ мушоҳида мегардад. Барои ҳамин дар дастури таълимӣ ҳамаи ин гуногунмазмунӣ оварда шудааст, ки онро ҳамчун ягонагии яклухт тасаввур кардан имкон надорад.
Дастури таълимии «Муқаддимаи фалсафаи иҷтимоӣ»- ро аз фанни фалсафаи иҷтимоӣ навиштан боз ҳам душвортар мебошад. Аввал, барои он, ки фалсафаи иҷтимоӣ – яке аз қисматҳои муҳими таркибии фалсафа аст, ки муносибати инсонро бо тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ҷиҳати таҳлилу баррасии илмӣ ва мазмуннокии мавзуоти интихобшуда ҷаҳоншиносӣ ва ҷаҳонбинии файласуфон арзиш ва аҳмияти хоса дорад.
Фалсафаи иҷтимоӣ – дар кишвари мо фанни нисбатан ҷавон мебошад. Вале дар ин муддат, алалхусус дар панҷсолаи охир якчанд тадқиқоти монографӣ, дастур ва воситаи таълимӣ доир ба масоили фалсафӣ – иҷтимоӣ таълиф гардидааст. Бо вуҷуди ҳамин, қайд кардан муҳим аст, ки аксари ин асарҳо донишҳоро дар мавзуҳои алоҳида дода, донишҳои умумиро дар бораи фалсафаи иҷтимоӣ фаро нагирифтаанд. Чунки бе муайян намудани категорияҳое, ки робитаҳои нисбатан умумӣ, такроршаванда, устувор, дохилӣ ва объективии зуҳуроти иҷтимоию табииро инъикос мекунанд, паҳлуҳои гуногуни фанни фалсафаи иҷтимоӣ равшану возеҳ намегарданд ва ҷанбаи илмӣ намебаранд. Маҳз бо ёрии каткгорияҳо ба моҳияти ин ва ё он зуҳуроти объективии олам сарфаҳм рафтан мумкин аст. Сотсиумро бошад бо истифодаи диалектика ҳамчун илм дар бораи рушд, дар бораи ягонагии боҳамзидҳо таҳлил мекунанд.
Андешаҳое ҷой доранд, ки диалектика алакай кӯҳна шудааст, чунки олами иҷтимоӣ дар ин муддат тағйир ёфтааст ва ин ҳолат дигар усулу муносибатҳои таҳқиқотиро талаб менамояд ва баъзеҳо аз номи диалектика истифода намуда, барои исботи тезисҳои назариявии худ софистикаро истифода мебаранд ва маърифати илмиро раҳгум месозанд.
Имрӯз файласуфон ба ҷойи категорияҳои диалектикӣ ҳамчун олоти маърифат ва умуман диалектикӣ доир ба масоили фалсафӣ-иҷтимоӣ ба баҳсҳои беохир мепардозанд, вале ягон масъаларо ҳал намекунанд. Онҳо дигар дар ҷустуҷӯйи ҳақиқати анъанавӣ нестанд…
Хонандагон китоби «Муқаддимаи фалсафаи иҷтимоӣ» -ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.