Китоби нав. А.Ш. Розиқзода: “Агентии сиёсии Россия дар Бухоро”

Агентии-сиёсии-росияДар китоб масоили муносибатҳои Россия ва Аморати Бухоро аз ибтидо то соли 1917, замина ва омилҳои таъсиси Агентии сиёсии Россия дар Бухоро (1886 – 1917), вазифа, ваколат ва нақши он дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Аморати Бухоро мавриди таҳқиқу таҳлили ва баррасӣ қарор гирифт.

Бо истифода аз маъхазу сарчашмаҳо, маводи бойгонӣ, мақолаҳои илмӣ, адабиёти бадеӣ, ёддоштҳо, осори публитсистӣ (интернетӣ) фаъолияти густурдаи ин ниҳод, тафсилоти зиндагии роҳбарони аввали он аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ матраҳ гардидааст, ки арзиши илмии таҳқиқотро ба маротиб меафзояд.

Он барои донишҷўён, магистрантон, адюнктҳо, омўзгорони риштаҳои таърих, ҳуқуқ, адабиёт, сиёсатшиносӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дипломатҳо, инчунин доираи васеи хонандагон тавсия шудааст.

Китобро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Фарҳоди САЛИМ