Китоби нав: Абдулҳай Комилӣ «Розинома»

Абдулҳай КомилӣИн рисола як роҳнамоест андар Розишиносӣ. Он барои донишҷўёну унвонҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳо ва умуман барои ҳамаи дӯстдорони осори гаронбаҳои Муҳаммад Закариёи Яҳёи Розӣ судманд хоҳад буд.

Муаллиф донишманди маъруфи тоҷик Абдулҳай Комилӣ буда, дар бахши “Рай ва розиёни овозадор” менаисад:

Зодгоҳи Абубакр Муҳаммад писари Закариё писари Яҳёи Розӣ шарҳри қадими Рай мебошад. Мувофиқи қоидаи забони порсии дарӣ (тоҷикӣ) шахсоне, ки дар шаҳри Рай таваллуд шудаанд, Розӣ мегўянд, на Райӣ; дар Марв – Марвазӣ, на Марвӣ; Сиҷистон – Сиҷизӣ, дар Бухоро – Бухорӣ ва ҳам Бухороӣ ва боқӣ Самарқанд – Самарқандӣ, Хуҷанд –Хуҷандӣ, Нишопур – Нишпурӣ, Истаравшан – Истаравшанӣ, Кўлоб – Кўлобӣ ва ғайра. Аз ҳамин хотир, калимаи «Розӣ» дар номи пурраи ин донишманди овозадор мансуб ба зодгоҳаш мебошад.

Шаҳри Рай дар замони зиндагии Муҳаммад Закариёи Розӣ яке аз бузургтарин шаҳрҳои Хуросони бузург маҳсуб мегардид. Аз ҷиҳати қадимият ҳам, шаҳри Рай яке аз кўҳантарин шаҳри Эронзамин маҳсуб мегардад, ки таърихи беш аз 2500 – сола дорад. Бино бар нигоштаи муаррихон ин шаҳр ҳанўз дар асри VI пеш аз милод шукуфоӣ дошта, номаш дар навиштаҳои Ҳахоманишиён чун – Рага (Raga) ва дар навиштаҳои Юнониёни қадим чун Рагес () ёд шудааст. Дар забони лотинӣ дар шакли Rhagae дучор мешуд. Дар қадим ин шаҳр яке аз марказҳои Мидия, баъдан Ҳахоманишинҳо ва Сосониён низ ба шумор мерафт.

Дар нимаи дуюми асри Х, дар поёни умри Муҳаммад Закариёи Розӣ, Рай дар тамоми Ховари Миёна ва Наздик бузургтарин шаҳр буда, бино бар маълумоти ҷуғрофидони маъруф ал – Истахрӣ, ин шаҳр аз ҷиҳати сохтмонҳои мусоиди зиндагонӣ ва аҳолӣ баъд аз Нишопур дуюмин шаҳр ҳисоб меёфт. Зинда нигоҳдорандаи ин шаҳри таърихӣ ва бостонӣ як силсила бузургмардоне чун Абуҳотам Муҳаммад ибни Идриси Розӣ (811 – 890), Ибни Абуҳотами Розӣ (854 – 938), Розии Шатранҷбоз (асри IХ), Абубакр Аҳмад ибни Алии Розӣ (ваф.961), Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Умар Фахруддини Розӣ (1149 – 1209), Наҷмуддини Розӣ (1177 – 1256), Убайдуллоҳи Розӣ (815 – 878), бо писаронаш Абузура ва Аҳмад Розӣ, Шамси Қайси Розӣ ва дигарон ба шумор мераванд, ки дар обу хоки он парвариш ёфта буданд ва Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ, аз зумраи ҳамин абармардон буд, ки исми муборакаш натанҳо барои таърихи зодгоҳаш сабт гардидааст, балки дар таърихи илму фарҳанги форс – тоҷик ва тамоми мусулмонону кулли инсонияти мутамаддин абадан сабт гаштааст.

Номи Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар ҷаҳони лотинии аврупоиён асосан дар шакли таҳрифшудаи Абу Батер (Abu Bater) ва Разес (Rhazes, Razes) шинохта мешуд. Дар ин ҷумла вожаи «асосан» – ро ба он хотир зикр кардем, ки номи ў баъзан дар шакли таҳрифшудаи бештаре ба монанди Abucbare filins Zacbarie Rafis ва ё  Abu Bare Zacharias Rafi навшта мешуд. Ва аммо дар Машриқзамин бо лақаби «Ҷолинуси мусулмонон» машҳур буд.

Китоби Абдулҳай Комилӣ «Розинома» ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.

Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд