Китоби нав. Абдуллоева Гулрухсор: «Таҳлили лингвистии матн»
Ин китоб, ки соли 2023 чоп шудаву ба тозагӣ аб Китобхонаи миллӣ расидааст, мафҳумҳо ва истилоҳоти асосии таҳлили лингвистии матн, мавзуъҳои асосии ин илм, таърихи пайдоиш ва рушди онро фаро гирифта, барои доираи васеи донишҷӯён ва магистрантони самти филологӣ, омӯзгорӣ ва тарҷумонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст..
Муаллиф дар сарсухан аз ҷумла овардааст, ки мақсади асосии фанни «таҳлили лингвистии матн» шинос намудани донишҷӯён ва магистрантон бо мафҳуму истилоҳоти асосии ин фан, бо таърихи пайдоишу рушд ва аз худ намудани фан мебошад. Донишҷӯён ва магистрантон бояд дониши худро дар бораи сохт ва истифодабарии унсурҳои забонӣ дар матн, инчунин дарки матн такмил диҳанд.
Вазифаҳои асосии фанни «Таҳлили лингвистии матн» аз инҳо иборат мебошад:
– омодагӣ ба анҷом додани муоширати касбӣ дар шаклҳои шифоҳӣ ва хаттӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ барои ҳалли масъалаҳои фаъолияти касбӣ;
– ба донишҷӯён ва магистрантон додани донишҳо дар бораи мафҳумҳои асосие, ки дар фанни «Таҳлили лингвистии матн» истифода мешаванд, ба мисли: мабдаъ ва усулҳои таҳлили лингвистии матн, марҳилаҳои асосии таҳлили матн, тақсимоти композитсионии осори бадеӣ ва воҳидҳои забонии аз чиҳати композитсия муҳимми матн, дар бораи арзиши забонии матн ва шинохти шахсияти муаллифи матни бадеӣ, хусусиятҳои жанрӣ ва композитсияи асарҳо, асосҳои назариявии таҳлили матнҳои насрӣ ва назмӣ.
Дар натиҷаи омӯзиши фан магистрантон марҳилаҳои асосии таҳлили матнро муайян карда тавонанд, инчунин, бе монеа фазои маъноии матни бадеиро ҷудо намоянд. Қобилияти фарқ кардани замони матни бадеӣ ва фазои асари адабӣ, таҳлили матнҳои назмӣ, таҳлили матнҳои насрӣ, кор бо калимаҳои «калидӣ»ро дар матн пайдо намоянд.
Фанни «Таҳлили лингвистии матн» ҳамчун фанни таълимӣ барои ихтисосҳои забоншиносӣ ва тарҷумонӣ пешбинӣ шуда, ба гурӯҳи фанҳои забоншиносии назариявӣ дохил мешавад. Қайд кардан бамаврид аст, ки китоби мазкур дар асоси таҳқиқоти осори таълимии забоншиносони ватаниву хориҷӣ аз қабили С. Назарзода, Ҳ. Маҷидов, Н. Гадоев, Б. Камолиддинов, З. Мухторов, Д. Хомидов, С. Матробиён, Ю.С. Кристева, И.В. Арзамасева, В.Н. Агеев, Г.Е. Крейдлин, Ю.М. Лотман, Н.Б. Мечковская, Г.Г. Почепсов ва дигарон таҳия гардидааст.
Хонандагон китоби «Таҳлили лингвистии матн»-ро матавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.