Китоби нав. Абдусалом Мирализода, Латофат Назирӣ: “Педагогикаи мактаби олӣ”
Китоби дарсии «Педагогикаи мактаби олӣ» дар асоси дастовардҳои муосири илми педагогика ва дар партави таҳқиқоту андешаҳои муҳаққиқон таълиф гардида, муҳтавои он фарогири мавзуъҳои гуногун роҷеъ ба таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он, омӯзиш, тарбия ва фаъолияти касбии омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад.
Китоби мазкур ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, докторантон, муҳақиққон ва омӯзгорон пешбинӣ шудааст.
Муаллифон дар сарсухан овардаанд:
Китоби дарсии мазкур фарогири андешаҳои олимони соҳаи педагогикаи ватаниву хориҷӣ оид ба таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ мебошад. Муҳтавои онро се боби асосӣ ташкил медиҳад:
– таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он:
– омӯзиш ва тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
Дар боби аввал бо назардошти равандҳое, ки ба гузариши тадриҷии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ба низоми таҳсилоти муосир ва пешрафтаи аврупоӣ мусоидат менамояд, таваҷҷуҳи бештар ба таҷрибаи роҳандозии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар кишварҳои пешрафта равона гардидааст.
Боби дуюм ба масоили ташкили раванди таълиму тарбия дар марҳилаи навини рушди муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо назардошти талаботи сифати омодасозии касбии мутахассисони оянда бахшида шудааст.
Боби сеюм фарогири масоили марбут ба фаъолияти омӯзгори мактаби олӣ, салоҳиятнокии касбӣ, усулҳои муоширати педагогӣ, услубҳои фаъолияти касбӣ, ташаккули шахсият, равишҳои таъмини рушди касбӣ ва масъалаҳои марбут ба раванди таълим ва сифати таҳсилот мебошад.
Дар ин китоби дарсӣ маводҳо аз адабиётҳои гуногуни таълимию методӣ, мақолаҳои илмӣ, таҳқиқоти диссертатсионии марбут ба масоили мазкур бо таҳрири эҷодӣ ва такмили муаллифон оварда шудаанд.
Барои дарки бештари иттилооти овардашуда кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки ба истифодабарандагони китоби дарсии мазкур маводҳои пешниҳодшуда ба тариқи зайл пешкаш гарданд:
– дар китоби дарсӣ ҷадвалу нақшаҳои зиёде ҷой дода шудаанд, ки онро аз ҷиҳати ғунҷоиши иттилооти ғанӣ гардонида, барои дарки матлаби асосӣ мусоидат мекунанд:
– дар ҳар як фасл саволҳо ва супоришҳои эҷодӣ, ки ҳалли онҳо ҷиҳати истифодаи донишҳои андӯхта дар амалия мусоидат мекунад, оварда шудаанд:
– ҳар як фасл бо тавзеҳот хотима ёфта, дар он шарҳи таърифҳои асосӣ оварда шудааст.
Бо назардошти андешаҳои боло, таъкид мешавад, ки китоби мазкур ҳамчун маводи таълимӣ дар фаъолияти педагогии омӯзгорон, омӯзиши донищҷӯён магистрҳо ва докторантону аспирантон хизмат хоҳад кард. Он ҷанбаҳои асосии татбиқи салоҳифтнокии касбиро муайян намуда, ҷиҳати рушди касбӣ ва муваффақ гаштан дар бозори хизматрасониҳои омӯзишӣ кумак мерасонад.
Хонандагон китоби Мирализода Абдусалом Мустафо, Назирӣ Латофат Қаҳор “Педагогикаи мактаби олӣ”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарҳоди Салим, мутахассиси
пешбари шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.