Китоби нав: Аҳмади Дониш «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»
Рисола хулосае аз афкору назарҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии мутафаккири маъруфи тоҷик, Аҳмади Дониш мебошад, ки дар фасле аз китоби гаронқадри «Наводиру – л – вақоеъ» – и худ бо номи «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ҷой додааст.
Муаллиф дар ин асар афкору ниятҳои нави равшангаронаро барои рушду тараққӣ ва бедории халқу миллати хеш пешкаш намудааст, ки барои ҳар тоҷик донистани андешаҳои пешқадамонаи ӯ муфид мебошад.
Таҳиягари китоб Раҳматшо Исроилов дар пешгуфтор ба китоб менависад: Аҳмад валади Мулло Носир, муҳандис, мунаҷҷим, машҳур ба тахаллуси Дониш (1827 -1897), донишмандест равшанфикру пуркор, ки пайваста дар фикру андешаи беҳбудии ҳаёти иҷтимоии мардум буда, умри хешро ба мутолиаи осори илмӣ, ба шумули риёзиёт, табииёту ҳайъату ҳандаса, фалсафаву ҳикмат мегузаронид. Худи ӯ ҳадафи хониши густардаашро бо ибороте чун «манфиате ба халқу ҷамъият ва кишвари худ расонидан» самимонаву мухлисона баён доштааст. Пешрафту тараққии бомуваффақияти мардумони Аврупоиву Русия Аҳмади Донишро бетарафу бетаваҷҷуҳ намегузошт, аз ин сабаб, ӯ андешаҳои ислоҳот ва азнавсозии ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии Аморати Бухороро дар зеҳни худ мепарварид. Мутолиаи осори гуногуни адибону файласуфони Шарқу Ғарб, сафарҳо ба Русия, мубодилаи афкор бо зиёиён, рафтуомади мардумони Русия ба Осиёи Миёна ва дигар омилҳои афкори пешқадамонаи Донишро афзунтар мекард. Доир ба эҷодиёти эшон таҳқиқоти муътабару муътамад аз тарафи аҳли илму адаби тоҷик, мисли устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Абдулғанӣ Мирзоев, Зариф Раҷабов, Сотим Улуғзода, Расул Ҳодизода ва дигарон анҷом ёфтааст.
Рисолаи «Назми тамадун ва таовун», ҳамчунонки аз унвони он бармеояд, мафҳуми илми ҷомеашиносӣ буда, масъалаҳои танзими шаҳрдорӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳамкории дастаҷамъонаро фаро мегирад. Аҳмади Дониш бо таснифи ин асар нахуст мақсади мураттабу муназзам гардонидани умури идории аморат, вазифаи шаҳрнишинон, тараққӣ додани илму фанни муосир, ҳамкории якдилона дар пешбурди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиро доштааст. Ӯ пеш аз нигориши рисола ба дарбори амир Музаффар (1834 – 1885) барои эътои мансаби олие дар аморат даъват шуд, аммо ба сабаби муҳити носозгор аз пазируфтани масъулият худдорӣ карда, аз амир хостааст, ки «Агар онро маъмул доранд, ман ҳар рӯзе чаҳор то шаш соат мулозамати дарбор мекунам ва коре, ки фарохӯри ҳол ва ҳавсалаи ман аст, гузориш ва саранҷом медиҳам… Пас, ин рисоларо мудавван кардам».
Аллома Аҳмади Дониш дар муқаддима, баъди ҳамду ситоиши Худо, ба мавзуи офариниши инсон пардохта, онро аз нигоҳи фалсафаи ирфонӣ чунин баррасӣ мекунад: «Ва зоти инсон мураккаб аст аз ақли шарифа ва нафси касифа, имону куфр лозими зоти ӯст ва аз заруриёти адавоту олоти ӯ ва ҳар кадом дар вақте ғолиб ва дар маҳалле мағлуб аст». Чунин ба назар мерасад, ки мутафаккир шакл гирифтани одамро аз ақли шариф ва нафси касиф як амри боҳикмат шинохта, ӯро шахси комил ва зоҳиркунандаи нуру зулмат мешуморад ва ақлро дар таркиби одамӣ ҳамавақт ғолиб ва пешрафта дониста, таъкид кардааст: «Ақл ҳимматаш масруф ба дарки маъқулот ва таваҷҷуҳаш ба уқулу нуфуси улвӣ аст».
Дар фасли аввал роҷеъ ба эътидол дар корҳо ва муназзам сохтани «ҳаёти амирону мутааллиқону зердастон ва тариқи зиндагии сутуда ва миёнаравӣ дар умури муояша (ҳамзистӣ)» ибрози андеша намудааст. Аллома аҳли умарову раиятро панду андарз, маслиҳату машварат ва тавсияҳои лозима медиҳад, чунончи, илму маърифатро сабаби хайру баракат ва пешрафту тараққӣ ва ҷаҳлу коҳилиро сабаби пасмондагиву ихтилофи ҷомеа донистааст.
Барои рушду тараққии давлатдории Аморати Бухро аз панду андарзҳои гузаштагон – олимону орифон, файласуфон, таҷориби шоҳони сосонӣ, аҳдҳои хулафои рошидин, Умавиёну Аббосиён ва Сомониён бамаврид истифода намуда, матолиби асарро муассиртар гардонидааст.
Мутафаккир масъулияти амирону подшоҳонро бисёр бузург васф намуда, эшонро сояи Худо дар замин шумурда, дар он асрору ҳикматҳои шигифтоваре овардааст: «Подшоҳ сояи Худост, одати соя он аст, ки мутобаати соҳиби соя кунад. Пас, ҳамчунонки Худованд субҳонаҳу, бар аҳволи бандагон иттилоъ дорад, подшоҳ низ дар аҳволи раоё муталлеъ бошад. Ва ҳамчунонки Худованди қуддус ҳар яке аз бандагонро ба василае рӯзӣ медиҳад, подшоҳ низ бояд ки ҳар кадом аз раиятро ба воситаи мансаб ва иҷрои хидмат, ки лоиқи ҳоли ҳар як бошад, рӯзӣ муқаррар гардонад. Ва ҳамчунонки Худованд сатторулуюб (пӯшонандаи айбҳо) асту ҳалим, подшоҳ низ гуноҳи бандагон бипӯшаду бурдборӣ кунад ва ба ҳар чизе наранҷад, то вақте ки худ пардаи худ бидаранд ва исрор кунанд ва муставҷиби уқубат гарданд. Ва чунонки Худованд амин аст, амонати мардум нигоҳ дорад ва рози ҳар як ба дигаре нагӯяд ва ба маҳорими мардум ба хиёнат нанигарад; чунонки Худой карим аст, караму ҷуд пеша кунад, то мӯҷиби таълифи қулуб шавад; чунонки Худованд бо вуҷуди қудрат афув (бахшанда) аст, бояд ки подшоҳ низ дар ҳини иқтидор афв кунад. Ва ҳамчунонки Офаридгор субҳонаҳу кофиру муъминро рӯзӣ медиҳад ва фарқ намениҳад, подшоҳ низ сиддиқу зиндиқ, олиму ҷоҳил ва орифу омӣ – ҳамаро ба раҳмати хеш мустамол (шомил) дорад».
Ҳамчунин Аҳмади Дониш дар баробари тавсияву машваратҳо раиятро канор нагузошта, ба итоату фармонбардории подшоҳон, таҳаммулпазирӣ, ҳамёриву ҳамкорӣ, тарғиби илму маърифат, ахлоқи ҳасана, касбу ҳунар ва амсоли он гуна даъват кардааст. Ӯ масъалаи бекориву бешуғлиро сахт мазаммат намуда, сабаби фитнаву фасод медонад ва ба амир тавсия мекунад: «Мардумоне, ки аъзои солим доранд, нагузорад, ки бешуғл бошанд, ба муздурии корҳои мулкӣ ва дурустии роҳҳову пулҳо ва иморат (иморатҳо) ба заҷр баркашаду музд диҳад, то дуздию муқмирӣ (қиморбозӣ) накунанд».
Тавсияҳои донишманди тоҷик дар ҳама давру замонҳо ногузир ва ҳатмӣ буда, садди бисёр ҷинояту иштибоҳот мегардад.
Порчаҳои ҷудогонаи «Рисола дар назми тамаддун ва таоввун» аз тарафи Расул Ҳодизода дар солҳои 70 – уми қарни гузашта дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба нашр расонида шуданд. Ҳамчунин, соли 1976 низ ба муносибати 150 – умин солгарди таваллуди муҷаддиди тоҷики қарни XIX Аҳмади Дониш матни интиқодии рисола ба хатти ниёгон (форсӣ) бо саъй ва эҳтимоми Назруллоҳ Рустамов ва бо таҳриру пешгуфтори Расул Ҳодизода ба табъ расид.
Рисолае, ки пешкаши хонандагони гиромӣ мегардад, шаммае аз афкору назарҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии мутафаккири маъруфи тоҷик Аҳмади Дониш мебошад, ки дар фасле аз китоби гаронқадри «Наводиру – л – вақоеъ» – и аллома ҷой дода шудааст. Асар бо матни интиқодии таҳиякардаи Назруллоҳ Рустамов, нусхаҳои хаттии дар Ганҷинаи дастнависҳои Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати АМИТ муқоиса шуда, бо муқаддима, номҳои ашхос ва шарҳу тавзеҳоти луғоту истилоҳот тақдим мегардад.
Раҳматшо Исроилов
Хонандагон ҳоло имкон доранд китоби Аҳмади Дониш «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»-ро дар Китобонаи миллӣ бихонанд.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд