Китоби нав. Ғайбулло Баёнӣ. “НАҲКАТИ  ГУЛЗОР”

 Дар маҷмааи аввалини шоири ҷавон Ғайбулло Баёнӣ (Баёнов Ғайбулло Саиднуъмонович) –  «Накҳати гулзор» шаклҳои шеърии ғазал, дубайтӣ ва фардиёт ба тариқи суханреза фароҳам омадаанд.

 

Ин чанд намуна аз он ҷост:

Дар дунё ҳама чиз зебогии худро дорост: Рафтори зебо кардан, зебо пўшидан, зебо хўрдан, зебо ҳарф задан, зебо иҷро кардан, зебо амал кардан, зебо ибодат кардан, зебо бахшидан, зебо зистан ва дар охир зебо мурдан.

 

Раҳму шавқат нишонаи имондорӣ бошад ҳам, аз қалби онҳое бармеояд, ки новобаста аз эътиқодашон шахсони хирадманду некрафтор ва ҳалиму хоксор ҳастанд.

 

Дар  олам ҳама чиз, замину осмон, обу хок, моҳу хуршед, набототу ҳайвонот ба инсон хизмат мекунанд, вале инсон бошад гоҳо аз ноарзиштарин хизмат худдорӣ мекунад.

 

Зиндагӣ ба мисоли шикор аст. Сайд ва ё нишони он мақсад буда, саъю кўшиш ва заҳматҳои ҳамарўза чун тири камон хизмат мекунанд. Агар яке аз инҳо набошад, пас шикор бебарор ва зиндагӣ беранг хоҳад буд.

 

Китоби “Накҳати гулзор”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

                                                         Таҳияи Шарофат Мирзоева.