Китоби нав. Ҳайдаршо Пирумшо: «Китобномаи шарҳиҳолӣ»
Китобнномаи шаҳиҳолӣ ба ифтихори 80- солагии зодрӯзи донишманди маъруфи тоҷик, доктори илмҳои таърих профессор, узви вобастаи АМИТ, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик Бобоҷн Ғафуров Ҳайдаршо Пирумшо мураттаб гардида, осори ба табъ расидаи олими шинохта ва маводи пиромуни фаъолияти илмӣ – омӯзгории ӯ чопшуда (то соли 2024)-ро дар бар мегирад.
Китобнома аз мақолаҳои муқаддимавӣ, ду бахш ва кӯмакфеҳрист иборат буда, осори илмӣ, илмӣ-методӣ, таълимӣ, асарҳои таҳриркарда ва тартибдодаи Ҳайдаршо Пирумшо, адабиёт доир ба ҳаёту фаъолияти ӯро дар бар мегиранд.
Мақолаҳои муқаддимавӣ роҷеъ ба ҳаёт, самтҳои фаъолияти илмию омӯзгорӣ ва умдатарин таҳқиқоти Ҳайдаршо Пирумшо маълумот медиҳанд.
Китобнома асосан маводи интишорёфтаи давоми солҳои 1974-2024 фаро мегирад. Унвони асарҳоро бо забони асл, тибқи стандарти маълум оварда, мундариҷаи асарҳои бузургҳаҷм нишон дода шудаанд. Асарҳое, ки аз унвонашон дарки мазмуни онҳо душвор аст, бо тавсияҳои маълумотӣ таъмин гаштаанд.
Мавод дар қисмҳо ва зерқисмҳои китобнома тибқи замони нашри таълифот бо тартиби алифбо ҷо ба ҷо гузошта шуда, дар зери онҳо тақризҳо ҷо дода шудаанд.
Дар охир китобнома кӯмакфеҳристи ашхос бо забони тоҷикӣ ва русӣ ба хонандагон пешниҳод гардидааст.
Китобнома дар асоси захираи Китобномаи академик А.А. Семёнови Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, Муассисаи давлатии «Агентии миллии СБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон» ва китобхонаи шахсии профессор Ҳайдаршо Пирумшоев татиб дода шудааст.
Хонандагон китоби Ҳайдаршо Пирумшо: «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Фарзона Шарифова
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд