Китоби нав. Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. “Асадии Тӯсӣ ва “Гаршоспнома”

ГаршоспномаИн Китоб, ки чанде пештар чоп шудааст, ба омўзиши ҳаёту эҷодиёти яке аз суханварони намоёни адабиёти форсии тоҷикӣ Абумансур Алӣ ибни Аҳмад Асадии Тўсӣ (1005/1010 м. – 1073 м.) бахшида шуда, дар ин заминаи боэътимод дар он достони калонҳаҷми шоир «Гаршоспнома», ки камобеш 9,000 байтро ташкил мекунад, таҳқиқ гардидааст. Он фарогири чаҳор боб ва зербобҳои вобаста ба таҳқиқ иборат ва ҳадафи муаллифро ба пуррагӣ фаро гирифтааст.

Ин достони паҳлавонӣ дар пайравии «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тўсӣ эҷод гардидааст ва пажӯҳиш нишон додааст, ки эҷодкор мактаби достонсароии Дақиқӣ ва Фирдавсиро собитқадамона идома дода, бо ин кори дар ҳақиқат мондагори худ то ҷойе холигоҳҳои қисмати паҳлавонии «Шоҳнома»-ро ҳунармандонаву шоирона пурратар сохтааст.

Тавре дар муқаддима омадааст, Абумансур Алӣ ибни Аҳмад Асадии Тўсӣ яке аз симоҳои ба назар намоёни фарҳангу адабиёти асри XI ба шумор меравад. Ў дар таърихи адабиёти беш аз ҳазорсолаи форсии тоҷикӣ бо ҳамосаи қаҳрамонии «Гаршоспнома», аввалин фарҳанги тафсирии то ба замони мо омадарасидаи «Луғати фурс», ки ҳамчун сарчашмаи бебадали адабӣ низ қимати вижа дорад ва панҷ мунозираи дар шакли қасида эҷоднамудааш мақом ва манзалати хосаеро сазовор мебошад.

Асадии Тўсӣ аз суханварони шинохтаи қарни XI бошад ҳам, сарчашмаҳои адабию таърихие, ки аз шаҳри аҳвол ва осори ў маълумот медиҳанд, асосан ба баъд аз асри XV тааллуқ дошта, шояд бо мурури замон ва гузаштани вақт манбаъаҳои аввалиндараҷа аз байн рафта бошанд.

Китоб ба муҳаққиқони таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ, муарихон, ниёзмандони фарҳангу адаби тоҷик, суханшиносон, ҷуғрофиядонон ва аҳли завқ пешкаш шудааст.

Китоби Алии Муҳаммадии Хуросонӣ “Асадии Тӯсӣ ва “Гаршоспнома”-ро шумо ҳоло метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Фарҳоди САЛИМ,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд