Китоби нав. Аловиддин Шоинбеков: “Шоҳбурҳони Валӣ”

Ин китоб ҳамин сол чоп шудааст ва тавре аз номаш пайдост ҳикоят аз орифи машҳур Шоҳбурҳони Валӣ мекунад. Дар муаррифии кутоҳе сабабҳои нашри китобро шарҳ додаанд. Аз ҷумла гуфта шудааст, ки соли 2022 бо ташаббуси бевоситаи МИҲД –ии ВМКБ ва кўмаки молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ тармиму таҷдиди яке аз ёдгориҳои калони тарихии ноҳияи Роштқалъа мазори Шоҳбурҳони Валӣ дар ҷамоати деҳоти Тӯсиён оғоз ёфт. Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ тасмим гирифт, ки дар пайравии ин иқдоми нек китоберо таҳти унвони «Шоҳбурҳони Валӣ» нашр намояд.

Исми Шоҳбурҳони Валӣ дар Бадахшон, бахусус, дар ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим, Шуғнон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ хеле машҳр буда, бисёр мавзеъҳо ва нақлу ривоятҳоро ба номи ў мансуб медонанд. Аз ин ҷо зарурате ба миён омад, ки дар мавриди ин шахсият ва маконҳои ба номи ӯ марбут маводе  гирдоварӣ гардад, то кӣ будани ин фарди номдор ва зиндагиномаи вай маълум шавад.

Дар ноҳияҳои Ишкошиму Раштқалъа хонаю оромгоҳ, зиёратгоҳу қадамгоҳи ин ориф зиёданд ва онҳо чун мавзеъҳои таърихӣ қимати баланди илмӣ доранд.

Шоҳбурҳони Валӣ кист?

Шоҳбурҳони Валӣ яке аз орифони маъруфи динӣ будааст, ки бо як қатор мубаллиғони машҳури исломӣ дар асрҳои миёна аз Тӯси Эрон ба Бадахшон омада, дар деҳаи Тусиёни водии Шоҳдара (ноҳияи кунунии Роштқалъа  ВМКБ) макони истиқомат ихтиёр намудааст. Аз ин шахсияти таърихӣ оромгоҳе бо  номи мазори Шоҳбурҳони Валӣ боқӣ мондааст, ки ҳамчун зиёратгоҳ ва мероси гаронбаҳои таърихӣ шинохта мешавад. Тайи асрҳо ин макон таваҷҷуҳи хоссу омро ба худ мекашид ва имрўз канда намешавад. Мазори Шоҳбурҳон ба мисли дигар зиёратгоҳҳои Бадахшон дар миёни аҳолӣ мақом манзалати баланд дошта, дар ҳаёти рўзмарраи мардум нақши хеле калон дорад. Сокинони водии Шоҳдара ҳама вақт ба ин мазор чун макони мададрасону муроддиҳанда эҳтиёҷ доштанд ва онро аз  сидқи дил зиёрат мекардаанд. Ба он эҳтироми хоса қоил буданд ва гирду атрофи онро ҳамеша тозаю озода нигоҳ медоштанд. Ҳар шаби ҷумъа дар ин зиёратгоҳ чароғ (пилта) равшан мекарданд.

Барои иҷро кардани корҳои марбут ба ин зиёратгоҳ, аз ҷумла, нигоҳубину муҳофизати он, чароғгиронӣ хонаводаҳое аз насл ба насл интихобу масъул мегардиданд. Чанд аср аст, ки хонаводаҳои Акбаршоевҳою Шоиковҳою Мирзоҳасановҳо ин масъулиятро ба дўш доранд. Дар хотир дорем холаи Қимматгул (модари устод Лаълҷуба-рўҳаш шод бод!) то дами маргаш ҳар бегоҳи  панҷшанбе даромади ҷумъаи ҳар ҳафта дар оромгоҳ чароғ меафрўхт…

Идомаи ин матлабро шумо метаовнед аз китоби “ШОҳбурҳони Валӣ” дар Китобхонаи миллӣ бихонед.

Шарофат МИРЗОЕВА,
сармутахассиси шуъбаи
илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ.