Китоби нав. Ҳамдулло Исмоилзода: “Куллиёт”

Ҳамдулло ИсмоилзодаКитоби «Куллиёт» –  Ҳамдулло Исмоилзода (1908-1974) пас аз 50 соли даргузашти шоир рўи чоп омад. Тавре таҳиягарони китоб дар муаррифии он овардаанд, осори Ҳамдулло Исмоилзода аз рўи дафтарҳову дастнависҳои шоир, ки бештараш бо хатти форсӣ эҷод шудаанд, ҷамъоварӣ гардида, дар шакли китоби мукаммал таҳия гардидаанд. Дар баргардони дастхатҳо аз хатти ниёгон бо хатти крилӣ, яке аз наберагони шоир Фурқат Исмоилов ва дар нашру таҳияи китоб бошад набераи дигари  шоир Мунира Қосим саҳм гузоштаанд.

Китоб фарогири кулли мероси адибии шоир буда, бо меҳру эҳтироми бузург пешкаши хонандагон мегардад.

Дап пешгуфтори китоб аз ҷумла мехонем:

Ҳамдулло  Исмоилзода. Ин ном ба касе ошно нест. Ва ин шахсро ҳам касе намешиносад. Албатта! Ин гуна шоирон, ин гуна шахсиятҳо  дар таърихи адабиёти мо кам нестанд. Аз қадимулайём зиёданд шоирону адибон ва эҷодкороне, ки миёни мардум ноошно боқӣ мондаанд. Барои чӣ?  Албатта ин сабабҳои худро дорад. Аммо тавре, дар урфият гуфтаанд, «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш  нахоҳад шуд!» Ва таърих ҳам он фарзандони ҷонфидоеро, ки барои халқу ватани худ фидокориву хизматҳои арзанда кардаанд, аз ёд нахоҳад бурд!

Ҳамдулло Исмоилзода (1908-1974) аз ҳамзамонон ва ҳамсабақони шоирони маҳбуби тоҷик Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва нависандаи барҷаста Сотим Улуғзода буда, дар радифи ҳамин шоирону эҷодкорони бузурги тоҷик, аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштааст, то имрўз ба дасти хонандагон нарасида буд. Хушбахтона, имрўз бо кўшишу талошҳои фарзандону наберагони ин шоири  ноошно, китоби ўро бо номи «Куллиёт» рўи  чоп овардем, то ки дастраси хонандагон гардад ва аз ҷилваи назми баланди шоир ҳамагон бохабару баҳравар гарданд. Дар ин китоб шеърҳо, қиссаву достон ва афсонаву ҳикояҳои ҷолибе аз тарафи шоир эҷод шудаанд, ва моро водор мекунанд, то ватани азизи худро дўст дорем ва барои хизматаш ҳамеша тайёр бошем. Ҳамчунин як нуқтаи муҳимро қайд бояд кард, ки ашъори Ҳамдулло Исмоилзода вобаста ба жанру мавзўъ ба дафтарҳо, аниқтараш ба 7 (ҳафт дафтар) ҷудо карда шуд, ки ҳар дафтар  дар  алоҳидагӣ номгузорӣ шудааст.

Ҳамдулло Исмоилзода чун дигар шоирони муосир дар осори худ ҳама  он воқеаву ҳодисоте, ки аз даврони тифлӣ то охирин нафас ба ў рух дода буд, ба қалам додааст. Ва ашъори ў низ мисли дигар шоирон, бо мазмуни баланди худ моро дар руҳияи ватанпарастӣ, ҳақиқатҷуӣ, истиқлолиятхоҳӣ, адолатпарвариву инсондўстӣ ва ишқу муҳаббат тарбият мекунад. Ҳамдулло Исмоилзода ба воситаи шеъри худ ба қувваву нерўи ҷавонон такия намуда, аз онҳо даъват ба амал меорад,  ки танбаливу бекориро як сў гузошта, донишу маърифат ва касбу ҳунар омўзанд, ватани худро дўст доранд ва барои халқу кишвари худ хидмат намоянд…

Китоби “Куллиёт”-и Ҳамдулло Исмоилзодаро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутлиа намоед.

Шарофат МИРЗОЕВА