Китоби нав. «Андешаҳои миллӣ ва тарбияи маънавӣ-ахлоқии донишҷўён»

Андешаҳои миллӣ Муаллифони ин китоб Дастам Маҳкамов ва Субҳон Усмонов мебошанд. Он соли ҷорӣ дар ҳаҷми 256 саҳифа нашр шудааст. Ва тавре аз номаш пайдост, мулоҳизаҳо атрофи андешаҳои миллӣ ва тарбияи маънавӣ-ахлоқии донишомӯзон мебошад. Ба китоб профессор, Академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммад Лутфуллозода сарсухан навиштааст. Барои он ки хонанда дар бораи ин китоби тозанашр тасаввурот ҳосил кунад, тасмим гирифтем сарсухани олими маъруф Муҳаммад Лутфуллозодаро комил биёварем

Ҳусни матлаъ

Дастнависи китоби Маҳкамов Дастам ва Усмонов Субҳон «Андешаҳои миллӣ ва тарбияи маънавӣ-ахлоқии донишҷўён», ба дастам расид, мутолиа намудам ва дарёфтам, ки ин китоб арзиши баланди ахлоқӣ, маънавӣ, педагогӣ ва башарӣ дорад. Гумон накунед, ки китоби мазкур танҳо андешаҳои шахсии муаллифонанд, балки гуфтор доир ба амалҳои  накўи умумиинсонӣ  дар он ҷой  дода шудаанд ва гуфтан  зарур, ки барои ҳама табақаҳои аҳли ҷомеа муфид дониста мешавад. Фикр мекунам ин  китоб маводи  саривақтӣ ва туҳфаи арзандае дар рафти амалӣ  намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва эътибор гирифтани  унсурҳои  асосии  Консепсияи миллии тарбия мебошад

Китоби мазкур ҳамчун гувоҳномаи рўзгор аз арзишҳои ахлоқию  маънавии миллати тоҷик ва шахсан мардуми сарзамини  мо мебошад, ки он аз хаёлбофӣ тоза буда, дар заминаи ҳодисоти воқеӣ бо ишораи қаҳрамонони воқеӣ дидаву шунидаҳо ва натиҷаи хулосаҳои илмиву назарявӣ тавлид гардидааст .

Мушоҳида ва  бардоштҳои  муаллифон марбут ба паҳлуҳои муҳимми  рўзгори мардум, фарҳангу тамаддуни  қадимии ориёии миллат, суннатҳои  қадимии он, чун нангу номуси миллӣ. Дарки некӣ ва накукорӣ, ростқавлӣ  ва покандешӣ, таблиғу талқини сифатҳои ҳамидаи инсонӣ, муҳаббат ба мулку диёр, дастгирии  бародаронаву беғаразона нисбат ба атрофиёну аҳли байт ва нозукиҳои оиладорию меҳмоннавозӣ дар ин китоб ҷойи асосиро ишғол менамоянд.

Муаллифон дар ин асар то тавонистаанд ҳамчун  файласуф мартаба ва мавқеъи инсонро мавзуи асосии таҳлили хеш қарор додаанд. Онҳо ба марҳилаҳои  асосии камолот ва ба зеҳну фаросати азалӣ такя намуда, ҷузъитарин василаи тарбияро дар раванди омўзишу парвариш бо нигоҳдории мақоми асл ва моҳияти хосса ҷилвагар сохтаанд. Ин китобро ба даст гирифта, дар вақти таҳлил ва омўзиш ҳар як фард дар ҷой ва вақти зарурии иҷрои  амал  худашро ё атрофиёнро меёбад            Ҳеҷ набошад дар мавқеи мусбат ё манфӣ ҳар кас ба худ ҷойи хоссаеро пайдо менамояд ва ба ислоҳи нуқсонҳои доштаашон  камар мебанданд. Дар  ин  росто ҳамчун  хонандаи холис, донишҷў, мутахассис ё падару модари масъулиятшинос  тавонистаанд на танҳо бо хусусиятҳои равонии мувофиқ шахсияти хешро  ҳамчун  муаллиф муаррифӣ  кунанд, балки мисолҳои воқеиро перояи ободию ахлоқӣ  пўшонда, дар доираи талаботи  тарбиявӣ  намоиш  додаанд.

Муаллифон то як андоза кўшидаанд, ки  сифатҳои беҳтарини инсонро ҳамчун поксиришту  заҳматқарин, ростқавлу ростгуфтор, покдину покоин  ба қалам диҳанд. Дар ин китоб бештар  саховатмандӣ,мардонагӣ, мардонагӣ, дастдарозӣ ва бебокӣ ба чашм мерасад, ки дар назди  бинандаю хонанда  мартабаи  қаҳрамон  ва намуди  зоҳирию  ботинии  муаллифонро  боз ҳам зеботар мегардад.

Аз хама муҳиммаш он аст, ки хонандаро ба пайравӣ ва тақлид ба рафторҳои беҳтарини  инсонӣ ҳидоят менамоянд. Ин  китоб ганҷинаеро мемонад, ки хонандаро ба худ  мекашад ва ба андеша водор менамояд. Агар шахсе ё касе аз нуқтаю гуфтаҳои ин китоб барҳравар гашта, даст ба амалҳои хайр занад, боиси  ифтихор ва хурсандии муаллифон ва аҳли ҷомеа хоҳад буд. Фикр мекунам, ки дар шароити имрўза барои тарбияи ҷавонон чунин китобҳо ниҳоят муфид ва фоидарасон  мебршанд .

Гузаштан ба муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ ва рўй овардани одамон ба сармояю боигарӣ меҳру муҳаббатро як қадар коста ва одамонро сарду сангдил гардонидааст, ки дар ин китоб чунин амалҳо ҷойи хоссаеро ишғол кардаанд. Ин китоб пур аз лаҳзаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ буда, ба одамон саховат ва сахигарӣ ёд дода, мардумро ба сифатҳои баландтарини инсонӣ ҳидоят менамояд.

Китоб аз чизҳои хаёлию ороишӣ орӣ буда,мақсади муаллифон  ҳидояти таъсири маънавӣ-фарҳангӣ,тарбиявӣ-ахлоқӣ, пеш аз ҳама, ба фарзандони худ ва ба насли ҷавони ҷомеа мебошад.

Ногуфта намонад, ки худи муаллифон инсонҳои дорои чунин хислатҳои накў буда, байни ҳамкасбон, ҳамкорон ва ёру дўстон эҳтироми хосса доранд. Муаллифон дар ҷойҳои гуногун ва бо одамони гуногун кору зиндагӣ карда ва ҳоло ҳам рафиқонашон ба онҳо меҳри беандозаро дар дил мепарваранд. Ман ба гуфтани ин суханон ҳақ дорам,зеро солиёни дароз бо онҳо паҳлу ба паҳлу  истода, кор кардам ва мекунем. Дар  ин гуфтаҳо на таърифу тавсиф  аст ва на ғараз. Ба муаллифони  китоб сиҳатию саломатӣ ва барори кор орзу мекунам.

Лутфуллозода Муҳаммад – доктори илми педагогика, профессор, Академики   Академияи  таҳсилоти  Тоҷикистон.

Таҳияи Зебонисо Давлатова