Китоби нав. “Аносори кимиёвӣ”
Ин китоб соли 2025 аз ҷониби Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик чоп шуда, онро мудири редаксияи геогрфия, геология, петрография, сейсмология ва геодезияи ниҳоли илмии мазкур Искандари Ориф мураттаб кардааст.
Дар муаррифии кутоҳи китоб омадааст, ки инсоният аз аввали ҳастии худ барои фаҳму дарки табиати мавод ва баёни чигунагии онҳо кӯшиш карда аст. Андак – андак ин кӯшишҳо барои табдили маводди камарзиш ба маводди арзишманд боиси ба пайдоиши илми кимиё гардид. Дар таърихи илми мазкур кимиёдонони тоҷик, ки саромади кулли онҳо метавон Абубакр Закариёи Розиро номид, хидмати арзишманду бесобиқае анҷом додаанд. Китоби мазкур перумони ансори кимиё, пайдоиши, истифода ва аҳмияти онҳо барои инсон баҳс мекунад ва он метавонанад барои маълумоти бунёди ҷиҳати дарки чигунаги унсрҳои кимиёи ба шумо кумак кунад.
Искандари Ориф дар сарсуханаш ба китоб аз ҷумла навиштааст: «Ансори кимиёвӣ» китобе аст, ки ба тавсифи унсурҳои кимиёӣ пардохта,ҷиҳати касби донишҳои бунёдии кӯдакону наврасон дар бораи илми кимиё ва хусусан, унсурҳои кимиёӣ таҳия шудааст. Мураттиб кӯшиш кардааст, ки унсурҳои кимиёиро ба тартиби Ҷадвали даврии унсурҳои кимиёии кимиёдони рус Димтрий Иванович Менделеев (1834-1907) ва ҷадвалҳои дигари аз ҷониби донишмандони соҳа мураттибшуда ҷамъоварӣ ва дар доираи як китоби нисбатан комил тартиб диҳад. Дар китоб мақолаи ҳар як унсури кимиёвӣ ба равиши мақолаҳои донишномавӣ гирдоварӣ шуда, мураттиб сараввал шарҳи мухтасар дар мавриди унсур, баъдан таърихи пайдоиш ё кашфи унсур, хосиятҳои физикиву кимиёвӣ, мавҷудияи он дар табиат, ҳосил кардан, аҳммияти он барои инсон ва корбурдҳои гуногуни унсури мазкур маълумот додааст. Дар охири ҳар як мақола маъумоти аҷиб дар бораи унсури мавриди баҳс ҷой дода шудааст,ки метавонад ангезаи бештаре ба хонанда ҷиҳати дарки қонунҳои кимиёии табиат ва асрору аҷоиботи олами атроф диҳад. Баррасии мақолаҳо дар китоб якранг нест ва он бар пояи аҳаммияти унсури кимиёӣ ва маълумоти мавҷуд перомуни он сурат гирифтааст. Масалан, дар бораи унсурҳое ба монанди оксиген, ҳидроген, тило, нуҷра ва ғайра ҳам аз ҷиҳати дарбаргирандагии мавзуъ ва ҳам аҳаммият нисбат ба унсурҳои ба тариҷи озмоишгоҳӣ ҳосилшуда ва ё дар табиат ба таври маҳдуд мавҷудбуда фарқкунандаанд, маълумоти бештар дарҷ гардидаст. Илова бар маълумоти бунёдӣ ва таърихи кашфу тарзи ҳисоб кардани унсурҳо, аксҳое дар робита ба фаслҳои алоҳидаи унсури кимиёӣ ва ё умумӣ бо зернавишт дар китоб ҷой дода шудааст. Дар саҳафоти охири китоб луғати истилоҳоти кимиёӣ, ки дар матни китоб мавриди корбурд ҷарор гирифтаанд, овора шудааст. Ҳарчанд китоб барои наврасон таҳия шудааст, аммо он ба доираи васеи хонандагон ва ҳаводорони илми кимиё бахшида мешавад. Умедворем, китоби мазкур ба Шумо ҷиҳати донишҳои бунёдӣ перомуни унсурҳои кимиёӣ кумак хоҳад кард. Китоби “Аносири кимиёвӣ” ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.
Таҳияи Рухшона ШАРИПОВА, мутахасиси шуъбаи адабиёти кудакон ва наврасон.