Китоби нав. Қ. Ҳасанов: «Ҳуқуқи соҳибкорӣ»

Ҳуқуқи соҳибкорӣИн китоб бо назардошти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ таҳия гардидааст ва ба доираи васеи хонандагон, донишҷӯён, унвонвҷӯён, соҳибкорон ва ҳамаи шавқмандони ин соҳаи муҳим тавсия гаштааст.

Соҳибкорӣ аз ҷумлаи ҷабҳаҳои ҷудонашавандаи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҳар кишвари пешрафтаи дунё мебошад.

Дар замони муосир тарзу воситаҳои роҳандозии шаклҳои татбиқи он масъалаи асосии ҳаёти иқтисодии кишвари соҳибистиқлоли мо, Тоҷикистон маҳсуб аст. Имрӯз рушд ва дастгири фаъолияти соҳибкорӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Роҷеъ ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Дастгирии соҳибкории хурду миёна яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии давлати мо мебошад». Ба ҷуз ин, ҳамчун омили муҳими ривоҷу равнақ, нақши соҳибкорӣ дар амали намудани ҳадафҳои низоми бозоргонӣ бештар чашмрас аст.

Гузашта аз ин, фаъолияти соҳибкориро бидуни танзими ҳуқуқӣ тасаввур кардан номумкин аст. Зеро омӯзиш ва таҳлили он зарурати танзими ҳуқуқиро тақозо менамояд. Сохт ва таркиби он мувофиқи Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии кишвар муайян ва муқаррар шудааст. Сарфи назар аз ин, алоқаи ҳуқуқӣ мавқеъ ва манзалати иҷтимои иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии фаъолияти соҳибкориро устувор ва муназзам менамояд. Ҳамчунин, дар шинохти дигар омилҳо, ки кишвари соҳибистиқлоли мо аз сар мегузаронад танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ зуҳур меёбад.

Мақсади асосии ин китоб шиносоии донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва насли оянда ба моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуну махсусиятҳои хоси танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар марҳилаи нави таърихӣ мебошад. Ба ҷуз ин, ташаккули шуур ва фарҳанги ҳуқуқии инсони комил мавзӯи асосии китоби мазкур маҳсуб мешавад.

Хонандагон метавонанд китоби «Ҳуқуқи соҳибкорӣ»-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Фарзона Шарифова
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.