Китоби нав. “Ашъори дилангез”
Ин китоб ба тозагӣ чоп шудааст ва дар интихобу таҳия С.Қосимзода, Н.Муҳаммадхоҷа ва М.Мерганзода саҳм гирифтаанд. Дар муққаддимае бо номи “Гулдастае аз гулистони ашъори гуворо” яке аз таҳиягарон Солеҳ Қосимзода менависад:
Китобе, ки манзури хонанда мегардад, аз навъи тазкира аст ва барои осон шудани дарёфти ашъори лозим барои мутолиа аз шуарои маъруфу машҳури тоҷик шуруъ аз эҷодиёти устод Айнӣ то Хайрандеш, мусоидат мекунад. Дар ин маҷмуа ашъоре интихоб шуд, ки дар эҷодиёти ин адибон шукуҳу шуҳрате доранд ва номашонро дар таърихи адабиёт сабт кардаанд.
Ҷамъан, аз осори 29 шоири тоҷик, аз гузаштаву имрўз шеърҳои пурмуҳтаво ва аз нигоҳи ҳунари шоирӣ дар сатҳи баланд қарордошта гирдоварӣ шуданд. Дар китоб аз ҳама анвои ҳунари офаринандагӣ танҳо шеър гирдоварӣ шудааст ва яке аз аҳдофи мураттибони ин маҷмуа ҳамин аст, ки хонандагон бо намунаҳои зебои шеъри волои тоҷикӣ бештар ошно бошанд. Воқеан, чаро шеър?
Чунки ба воситаи шеър андешаҳову эҳсосот аз батни тафаккур берун меояд.Мусаллам аст, ки дар таърихи фарҳанги мо аз ҳама анвои каломи бадеъ шеър мақоми балантаре дошт ва тоҷи ҳунар эътироф мешуд. Таърихи беш аз ҳазорсолаи адабиёти мо гувоҳи ин фикр аст, ки мартаба ва ҷойгоҳи шеър нисбат ба дигар шаклҳои каломи ҳунарӣ волотар будааст ва ягон ҳунарманди дигарро баробар бо шоир намедонистанд.
Ин анъана дар давраҳои баъдӣ низ идома ёфта, шоирон нисбат ба дигар мусаввирони сухан – носирону намоишноманависҳо бартариҳо доштанд. Бузургони пешини мо каломи бадеъ гуфта, маҳз шеъри нобро дар назар медоштанд.Шеъри хубу сара аз муассиртарин навъи каломи бадеъ ба ҳисоб мерафт.
Каломи бадеъ, яъне сухани нав, аҷоиб ва нодир буда, сухани образнок ва тасвири образнок аст. Мухотаби ҳар шоире инсон аст ва ҳадафи шеъри шоир ба эҳсосоту тафаккури инсон таъсир гузоштан аст. Шеър ҷаҳонбинӣ донишу хирад, маърифату тафаккури инсонро такмил медиҳад ва аз ин ҷост, ки адибро муҳандиси руҳи инсон низ мегӯянд.
Китоби “Ашъори дилангез”-ро шумо хонандагони азиз метавонед дар Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолеа кунед.
Шарофат МИРЗОЕВА, шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ