Китоби нав. Аскаралӣ Раҷабов. “Иноятхон Росих ва анъанаи пажўҳиши  мусиқӣ  дар Ҳинд”

Аскаралӣ РаҷабовИн китоб чанде пештар дар шаҳри Душанбе чоп шуда ва муаллифи он донишманди маъруфи тоҷик Аскаралӣ Раҷабов мебошад. Тавре аз номаш пайдост, китоб пажӯҳишест дар бораи мусиқидони шинохтаи даврони салтанати Бобуриёни Ҳинд Иноятхони Росих аст. Дар муаррифии кутоҳ омадааст:

Иноятхон Росих (1736-1789)-назаридони мусиқӣ, суханвар, донишманди  баноми  замони  хонадони  Бобуриёни  Ҳинд (1526-1857-58)  буда, дар Панипат  зода  шуда  ва  фаъолияти илмию  адабии  ў  дар  ҳавзаҳои  фарҳангии  Ҳинд  ҷараён гирифтааст. Ў  асосҳои  ибтидоии  илму  адаб, ҳунарҳои замонаашро (мусиқиро) аз падараш Лутфуллохон  Содиқи Некном  Мутҳурҷанг, ки шахси бофарҳанги  замонааш буд, меомўзад ва донишашро назди донандагони таърих, илм, адабиёт ва ҳунарҳои бадеӣ (хаттотӣ, китобороӣ, мусиқӣ ва ғ.) такмил медиҳад.

Ба қалами Иноятхон Росих  асарҳои арзишманди бадеию илмӣ чун «Иноятнома», «Фолномаи Ҳофиз», рисолаи назарии доир ба мусиқӣ «Рисола дар зикри муғанниёни Ҳиндустони биҳиштнишон» мутааллиқ аст ва ӯ боз чанд асари таърихӣ ҳам навиштааст.

Росих дар таърихи  тамаддуни  Ҳинд ба сифати назаридони  мусиқӣ ,шоир низ собит шуда ва асари ў «Рисола дар зикри муғанниёни Ҳиндустони  биҳиштнишон» аз навиштаҳои арзишманд  дар шинохти  таърих  ва афкори мусиқии ҳавзаи фарҳангии Ҳинд мебошад.

Таъкид ба ёдоварист, ки  бо  кўшиши  профессор Саид Алии Ҳайдар асари  Иноятхони Росих «Рисола дар зикри  муғанниёни  Ҳиндустони биҳиштнишон» бо тасҳеҳ ва пешгуфторе  соли 1961 ба нашр  расидааст. Аммо навиштаи ҷудогонаи таҳқиқӣ доир ба мероси назарии мусиқии  Иноятхони Росих то имрўз рўи саҳна наомадааст. Инак навиштаи хосаи пажўҳишӣ доир ба замон, зиндагию фаъолияти   илмию адабии Иноятхон Росих ба қалам омада ва умед аст, ки дўстдорони мероси бузурги фарҳангии ҳавзаи Ҳинд аз ин навишта барои  хеш  нукоти тоза хоҳанд  дарёфт.

Китоби “Иноятхон Росих ва анъанаи пажўҳиши  мусиқӣ  дар Ҳинд”-ро шумо метавонед дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Фирӯза Таурова, мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар