Китоби нав. Аскаралӣ Раҷабов: “Устод Ҷўрабек Муродов – сароянда, бастакор ва ходими ҷамъиятӣ”

Чурабек-МуродҶӯрабек, Шумо, ки зодаи аҳли заҳматкаш ҳастеду офаридаҳои худро аз ганҷинаи эҷодиёти халқамон гулчин намуда, такмил додаед, дар муддати кутоҳ ба сафи ходимони барҷастаи фарҳанги миллиамон ворид гардидед.

Саҳми гаронбаҳои Шуморо дар инкишофи маданиятамон, бунёди маънавии халқамон, тарбияи завқи баланди зебоипарастии ҷавонон махсус қайд карданиам.  Ба истеъдоди нотакрори сарояндагӣ ва маҳорати оҳангсозии ба худатон хос Шумо барномаҳои руҳпарвару дилошӯб офаридед. Солҳои зиёд аст, ки суруду оҳангҳои Шумо дар водиҳои Ҳисору Вахш, Хатлон, Фарғонаву Рашт ва дар Зарафшону Бадахшон танинандозанд.

Маҳорати баланди эҷодиатон, ки бо сифатҳои наҷиби инсонӣ-ҷӯяндагӣ, меҳнатдӯстӣ, инсонпарастӣ, дӯстиву рафоқат, хулқу одоби ҳамида пайваста гаштаанд, бароятон дар берун аз ҷумҳурӣ ҳам фазои васеъ кушодаанд.

Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби донишманди маъруфти тоҷик Аскаралӣ Раҷабов “Устод Ҷўрабек  Муродов – сароянда, бастакор ва ходими ҷамъиятӣ”, ки ба забонҳои тоҷикиву англисӣ чоп шудааст, бо ҳамин суханони Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мешавад.

Бояд гуфт, ки фаъолияти пурбори эҷодӣ, санъати хосу камназири эҷодию иҷроии Артисти халқии РСС Тоҷикистон, Артисти халқии СССР, муовини раиси Фонди сулҳи СССР (солҳои 1982-1992), муовини раиси Ҷамъияти мусиқии СССР (1986-1990), раиси Фонди мусиқии Тоҷикистон (1987-1992), роҳбари бадеии ансамбли «Нури Хуҷанд» (аз соли 2001 то имрўз), барандаи мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Комсомолии ленинии РСС Тоҷикистон, ба номи Камоли Хуҷандӣ ва даҳҳо ҷоизаҳои ҷашнвораҳои байналмилаллии мусиқӣ, устод Ҷўрабек Муродов дар таърихи тамаддуни садаи XX оғози садаи XXI – тоҷик ва кишварҳои Осиёи Марказӣ падида, шигифтангезии (фономен) камназири эҷодии мусиқист.

Муаллиф дар муаррифии китоби худ менависад: Доир ба муассирияту рангомезии маҳорат, барнома, ҳунари эҷодию иҷроии ин симои баноми мусиқӣ ва корномаи ҳунарии ў дар тарғибу пешрафти мероси мусиқии тоҷик ва мардумони Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёна навиштаҳои зиёде дар рўзномаю моҳномаҳои  кишвар ва бурун аз он ба нашр расида, маҷмуаҳои баргузидаи таронаҳояш таҳияю интишор шуда, чандин филмномаҳои ҳуҷҷатию мусиқӣ наворбардорӣ шуда, манзури дўстдорони ҳунарҳои зебо гардидаанд.

Воқиан санъати эҷодию иҷроии устод Ҷўрабек на фақат хориқаи камназиру таъсиргузор дар санъати иҷроии тоҷикон, инчунин фарҳанги мардумони Осиёи Марказист. Дар ин рисола иҷмолан фаъолияти эҷодӣ, муассирияту рангомезии ҳунари молоиҷроию шоистахунарии устоди мусиқӣ ба қалам омадааст.

Китоби мазкурро метавонед аз шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар пайдо ва бихонед.
Адибаи Фахриддин, мутахассиси шуъба