Китоби нав. Аслиддин Махсудов: “Водии Рашт дар солҳои истиқлолият (1991-2021)”

Аслиддин-МахсудовИн монография барои муаррихон, кишваршиносон ва онҳое, ки ба таърихи ин минтақи таваҷҷуҳ доранд, пешниҳод шудааст.  Дар он  ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии навоҳии водии Рашт дар асоси маводи бойгониҳои минтақа ва Бойгонии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст.  Муаллиф дар муқаддима аз ҷумла овардааст:

Омўзиши таърихи манотиқи алоҳидаи ҷумҳурӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии он аҳаммияти бузурги илмиро дорост. Аз тарафи дигар, барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи таърихи Тоҷикистони муосир, омўзиши минтақа ва навоҳии алоҳидаи он хеле муҳимму саривақтӣ буда, аҳаммияти таърихӣ-кишваршиносӣ дорад.

Баъди пош хўрдани  ИҶШС  ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ (1991) ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии манотиқи ҷудогонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба куллӣ тағйир ёфт.  Ин вазъиятро оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боз ҳам мураккабтар намуд.    Зарари ҷанги шаҳрвандӣ барои минтақаҳои ҷумҳурӣ якранг набуда, хусусиятҳои вижагии хос дошт. Агар дар баъзе минтақаҳо бад шудани вазъи иқтисодӣ ва фарҳангӣ оварда бошад, дар баъзе маҳалҳо он ба фоҷиаи миллӣ табдил ёфт.

Лозим ба зикр аст, ки омили асосии шиддати ҳолати буҳронӣ ва таъсири манфии он ба тамоми соҳаҳои ҷомеа дар баробари ба раванди душвор табдил додани асосҳои иқтисодии давлат, боиси оғоз гардидани муноқишаҳои шаҳрвандии солҳои 1992-1997 гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон иброз намуданд, ки хисороти иқтисодии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки қисмати зиёди он ба минтақаҳои ҷангзада рост меояд.

Дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ, ки ҷумҳурӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, дар назди давлат ва ҳукумати ҷавони Тоҷикистон ҳалли вазифаҳои душворе меистоданд, ки барои бартараф кардани онҳо интихоби сиёсати дуруст ва ҳамзамон эҳтиёткорона зарур буд. Дар баъзе минтақаҳо ҳалли масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоятҳо, ноҳияҳо ва ҳатто деҳаҳо бар дўши мардум буд. Яке аз чунин минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон водии Рашт (ноҳияи Рашт, Лахш, Сангвор, Тоҷикобод ва Нуробод) буд, ки мушкилот ва проблемаҳои он аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ ба куллӣ фарқ мекард.

Бешак дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» (1997 ) дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид дар минтақа, бартарафсозии пайомадҳои манфии иқтисодию фарҳангии навоҳии водии Рашт ва рушди минбаъдаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон муассир аст.

Таҳқиқи илмии равандҳо ва падидаҳои мусбию манфии ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар шароити соҳибистиқлолӣ, омўзиши фаъолияти истеҳсолӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии минтақаҳо ва ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ аз масоили ниҳоят муҳим ва рўзмарра мебошад.

Дар робита ба ин, омўхтани мавзўи фаъолияти ҷамъиятию сиёсии шаҳрвандон, иштироки онҳо дар ҳалли мушкилоти мавҷуда, барои водии Рашт низ истисно нест, ки аҳаммияти вижаи илмӣ дорад.

Инчунин, моҳияти баррасии мавзуъ дар он аст, ки имкон дорад сабабҳои пастравии ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва бахусус водии Рашт дар охири асри XX-аввали асри XXI муайян карда шаванд.

Китоби  Аслиддин Махсудов: “Водии Рашт дар солҳои истиқлолият (1991-2021)” – ро метавонед Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Фарҳоди САЛИМ,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.