Китоби нав. «Асосҳои физикаи мактабӣ»

Асосҳои физикаи мактабӣКитоби дарсии мазкур доир ба ҳамаи фаслҳои физикаи МТМУ маълумоти мушаххасро дарбар гирифта, тибқи барномаи фанни асосҳои физикаи мактабӣ таҳия гардидааст. Он барои донишҷӯёни бахши аввали факултетҳои физикаю математикаи муассисаҳои таҳсилоти олии педагогӣ, хонандагону омӯзгорони МТМУ пешниҳод карда мешавад.

Дар муқаддимаи китоб омадааст, ки фанни «Асосҳои физикаи мактабӣ» ба гурӯҳи фанҳои ҳатмии бахши фанҳои тахассусӣ аз рӯйи ихтисосҳои факултетҳои физика ва математика дохил мешавад.

Мақсади таълими фанни мазкур, аввалан, аз такрор кардан ва ташаккул додани донишҳои физикии донишҷӯёни соли аввали таҳсил, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз худ кардаанд, сониян, тайёр намудани онҳо ба омӯзиши мусалсали силсилаи фанҳои «Физикаи умумӣ», «Физикаи назариявӣ» ва «Физикаи эксперименталӣ» мебошад.

Вазифаҳои омӯзиши фанни таълимӣ: инкишофи тафаккури физикии донишҷӯён, дар онҳо ташаккул додани малакаву маҳоратҳои мустақилона, ба даст овардан ва татбиқ кардани дониш, мушоҳида ва шарҳ додани ҳодисаҳои физикӣ; аз худ кардани дониш доир ба далелҳои озмоишӣ (эксперименталӣ), мафҳумҳо, қонунҳо, назарияҳо, методҳои илми физика, доир ба манзараи муосири илмии олам, доир ба: имкониятҳои васеи, татбиқи қонунҳо дар техника ва технология; аз худ кардани ғояҳои сохти ягонаи материя ва беинтиҳоии раванди дарккунии он; ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, дуруст фаҳмонидани сохти олам; ташаккули шавқу ҳаваси донишҷӯён ба физика ва техника, инкишофи қобилияти эҷодӣ, дарк кардани мақсадҳои илм, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва бошуурона интихоб кардани касб; тарбияи ғоявию сиёсӣ, инсонпарварӣ, ватандӯстӣ меҳнатдӯстӣ, башардӯстӣ, экологӣ, иҷтимоию иқтисодии донишҷӯён ба ҳисоб мераванд.

Хоҳишмандон китоби “Асосҳои физикаи мактабӣ”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.