Китоби нав: Атри сухан пошиду рафт
Султонмуроди Одина аз қабили адибони пуркору боистеъдод буд, ки аз худ осори гаронбаҳои насрию назмӣ мерос гузошта, 14 январи соли 2026 дар синни 75 – солагӣ даргузашт.
Китоби мазкур баҳри посдории хотираи неки ин шахси шарифу муътабар такя ба мазмуни як шеъри мавсуф карда, таҳти унвони “Атри сухан пошиду рафт” интихобан бо хотираҳо ва сӯгвории дӯстону ҳолдонҳо ва ихлосмандони каломи бадеъ омодаи чоп гардид.
Меҳрномаҳое, ки азизон дар зодрузи Султонмуроди Одина 17.06.2000 иброз дошта буданд
АКАДЕМИК АҲРОР МУХТОРОВ:
– Дӯстони азиз! Мо набояд фаромӯш кунем, ки дар деҳаи Шопур ҳастем. Агар каме таърихбозӣ кунем, Шопур ин номи шоҳони Сосонист, Шопури 1 ва Шопури 2. Агар ин деҳа ба ин ном каме қаробате дошта бошад, умраш зиёда аз 1700 сол аст.
Шопур корҳои зиёде кардааст, обёриву сохтмон ва монанди инҳо…
Султонмуроди соҳибҷашни мо дар ҷои Шопур султонӣ кардааст.
Дар ҳамин деҳа ба мурод расида, Султонмурод шудасст ва ин кор дар рӯзи ҷумъа сурат гирифтааст, бинобар он Одинаев гуфтаанд. Дар рӯзҳои мо Султони як мулк шудан бисёр хатарнок аст, силоҳбадастон омада мулку хазинаро тороҷ мекунанд. Азбаски замони илму техника аст, ҳар як султон ба худ муовинҳо дорад. Обёриро ба муовинаш, номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои шеъру шеърдонӣ Қодир Алиевич супоридааст.
Сохтмонро агар дар деҳаи Шопур худаш карда бошад, дар марказ бо сармеъмор Файзуллоев Қудратулло супурдааст. Гарчанде Султонмурод аз рафту омад ба маркази шаҳр каме ранҷур шуда бошад ҳам, мо Худоро шукр мекунем, ки имрӯз эшонро дар наздамон сиҳату саломат мебинем.
Ҳастанд китобҳое, ки мекушоеду мепӯшед, вале асарҳои Султонмуродро мекушоеду то хонда тамом накунед, намепӯшед. “Тобишҳои зиндагӣ”, “Аз Душанбе то Маскав”, “Родмарди Ҳисорӣ” ва дигару дигар… Бояд гуфт, ки қаҳрамони асарҳои Султонмурод одамони ҳозира ҳастанд. Мана яктояш Қадам Мирзоев. (Аз ҷояшон намехезанд чунки ҳардуи пояшон дард мекунад...)
Ман аз самими дил, аз номи олимон Султонмуродро табрик мекнам, ба эшон умри дароз, сиҳативу саломатӣ вадар корҳои давлатӣ ва эҷодияшон мувафақиятҳои нав ба нав орзу мекунам. Саломат бошед, Султонмурод!
ЛОИҚ ШЕРАЛӢ, Шоири халқии Тоҷикистон:
- Султонмуроди азиз, 10 сол пеш ман ҳамин аҳволи туро доштам… як даҳ сол пеш ман низ 50 – сола будам.
Дустони азиз, ҳозирини муҳтарам, ман дар ин хок, хоки Ҳисори Шодмон саҷда мекунам, зеро мардона мегуям: агар устод Турсунзода намебуданд, ҳозир Лоиқ дар пеши Шумо шеър намехонд ё гап намезад. Ва ана Кароматуллову Абдулҳамиду боз ин ҷо акои Алиҷон ҳастанду шоҳиданд, Сайдалӣ инҳоро тасдиқ мекунанд. Гап дар ин ки устод Турсунзода дар ин замин рӯйидаанд, ки хокаш шеърпарвар, шоирхез ва ҳунарпарвар аст. Ва Ҳисори Шодмон беҳуда гуфта нашудааст, ҳарчанд, ки аслаш Ҳисор Шумон асту баъд Шодмон шудасту боз хубтар ҳам шудааст. Албатта калимаи Шумонро ҳозир мо намефаҳмем, ки маъниаш чи ҳаст, Ҳисори Шодмон боз беҳтар аст. Устод Турсунзода Парии Ҳисориро дӯст медоштанд ва як байти ӯро низ ба мо борҳо гуфтаанд:
Парӣ чун равғани поки Бухорост,
Шунидан дораду дидан надорад.
Ғазали Ҳасрати Ҳисориро низ мехонданд, ки ин воқеан ғазали зебо аст, ғазали бисёр бузург аст. Ва ҳамин замин метавонад ҳаминхел шоир офарида тавонад. Дар бунёди Тоҷмаҳал, тасаввур кунед, ки Таҷмаҳал яке аз ҳафт муъҷизаи дунёст ва дар бунёди Тоҷмаҳал устою меъморони Самарқандӣ, Бухорӣ ва ду муҳандисаш Ҳисорӣ иштирок кардаанд. Номаш ҳозир дар ёдам нест ва ман баъд дар ҷавобаш гуфтам, маҳалбозии имрӯзаи моро дар назар дошта:
Эй он, ки маҳалбозиат ошуфт ҷаҳоне,
Мо Тоҷмаҳал сохта будем замоне.
Маҳалбозӣ накардем, Тоҷмаҳал сохтем. Аммо Султонмурод ҳам кори давлатиашро мекунад ва ҳам кори адабиашро. Ба он маънӣ, ки то ҷое, ки метавонаду медонад.
Ҳар кас кори худашро кардааст. Ман воқеан, росташро гӯям, тамоми навиштаҳоятонро нахондаам, аммо як ду шеъратонро барои устод Мухторов хондам, аз ҳамин китоби нави туҳфакардаатон, ки “Шукрона” ном дорад. Ман шукр мекунам, ки дар 50 – солагии Шумо ҳастам. Ман 10 сол ҷавон шудам дар паҳлуи Шумо. Агар хасисӣ накунед, ман 40 – сола шавам.
Пайваста дилат шоду лабат хандон бод,
Ҷону дили дӯстон зи ту шодон бод.
Ҳар кас, ки туро бинаду шодӣ накунад,
Сар зеру сияҳгилему саргардон бод.
Ман ҳамчун як узви Раёсати Иттифоқи нависандагон аз ҳамин рӯз эътиборан Султонмуродро ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул мекунам. Ман худам дар пеши шумо ваъда мекунам, ки ҳамин кор ба зиммаи ман.
Ҳамин, ки Лоиқ гуфт мешавад ин кор!
ҲУСАЙН НАСРИДДИН, Ҳофизи халқии Тоҷикистон:
- Шуморо дӯсти азиз, Султонҷон, ба ин умри нимасра табрику муборакбод мегуям. Ҳозир шунидам ва он мактубатон ба дастам расид ва ба коре будам он корро партофтаму Худоро шукр, ки мошинаке пайдо шуду расида омадам, ба дидони дӯустон мушарраф шудам. Собирҷонро аз дур дидам, як равшанӣ ба рӯям расид, аз чеҳраи мубораки тамоми дӯстон. Илоҳо сади дигар диҳад ба саду панҷоҳ шавед, ба ман боз ҳафтоди дигар диҳад, баъд баробар мешавем. Бароятон ҳадя девоне овардам. Девони шахси бузургтарини олами сухан, 60 000 байт.
Дилам гӯяд туро бахшам ҷаҳоне,
Вале ҷуз дастаи сунбул надорам.
Ин девони Шамси Табрез аст. Монанди Ҷалолуддини Румӣ, ки 60 000 байт зиёдтар эҷод кардааст, ба ҳамон қудрат Шумо ҳам расед ва бо он нишони сари синагие, дореду унвони шарифи Корманди шоистаи Тоҷикистон асту шоистаи мардум гаштан насибатон шудааст, мефаҳмонад, ки эҳтироми халқу давлатро сазовор гаштаед. Шуморо табрику муборакбод мегӯям. Худо умр диҳад, 100 солагиатонро ҳам умед дорам, ки якҷо бинем.
АБДУЛҲАМИД САМАД, Нависандаи халқии Тоҷикистон:
– Султонмуродро ҳамчун шахси фурутану хоксор, меҳнатию фидоӣ шинохтаем. Дар як манзил гирд овардани аксари аҳли адаби чумхурӣ худ ҷасорат мехоҳад. Ӯ китоби бисёре навиштааст, сазовори таҳният аст. Асарҳояш инъикосгари хислати хамидаи уст: ботамкин, ором, хоксор, заҳматкаш, чуноне ки об заминро оромона сабз мекунад, ба дилҳо фараҳ мебахшаду инсонҳоро тарбият ба роҳи нек, ватандӯсти ҳидоят менамояд. Бо ин заҳмати пайваста дари адабиётро барои худ кушодааст. Дар ин роҳи мураккаб, душвор, ки фидокорӣ мехоҳад, барояш комёби таманно мекунем.
АЛОВИДДИНОВ ӮРОҚ АЗИМОВИЧ, собиқадори меҳнат: – Дар ин маҳфил беҳтарин адибон, олимон ва шахсони барӯманди ҷумҳурии азизи тозаистиқлоламон гирд омадаанд. Худи ҳамин аз дили кушоди Султон Пардаевич, аз обруи калони ӯ гувоҳӣ медиҳад. Ман ифтихор дорам, ки ба ин шахс то андозае ҳаққи устодӣ дорам, зеро дар ба ҷалби ӯ ба кори рохбарӣ саҳм гузоштаам. Солҳои дароз беолоиш кор карду ба ватанаш хизмат намуд, обру ёфту барои пешрафти ноҳияю ҷумхурӣ саҳм гузошт ва ифтихори мо шуд.
Хонандагон китоби «Атри сухан пошиду рафт»-ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ пайдо намоянд.
Акрамова Шаҳнавоз
Мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд