Китоби нав. «Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо!»

az-amony.Китоб маҳсули ҷусторҳои донишмандони ҷомеашинос, бахусус ходимони илмии Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ба шумор меравад, ки дар доираи татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 таҳти рақами 187 таҳия, нашр ва ба доираи васеи хонандагон барои мутолиа пешниҳод мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм низ ба унвони яке аз ташаббускорони даъвати ҷомеаи ҷаҳонӣ барои муборизаи муташаккилона ва ҳузури фаъоли мамлакатҳои олам дар амри пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб баромад намуда, моҳи майи соли 2018 аввалин конфронси сатҳи баланди байналмилалиеро таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе доир намуд, ки дар он чеҳраҳои барҷастаи сиёсии ҷаҳони муосир, аз ҷумла муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони дигар ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ, ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои хориҷ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Маҷористон, Давлати Ливия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Туркманистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Арманистон, Салтанати Умон, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва амсоли ин ширкат намуда, ба ибтикороти ҷаҳонсози Пешвои миллати мо дар амри иттиҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ барои тақвияти муқовимат ба муқобили ин мушкилоти глобалии сайёра ҳамовозӣ намуданд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш низ зарурати ҳамгироӣ ва ҳамраъйии ҷомеаи ҷаҳониро дар самти муқовимат бо чунин зуҳуроти номатлуб таъкид намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки «бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем. Дар ин раванд, ба андешаи мо, вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм ва ифротгароӣ бояд бо нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он фарогир ва амиқ гардонида шавад».

Китоб дар таҳия ва вероиши доктори илмҳои филологӣ, профессор Ғаффорова Умеда соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд аз чоп баромадааст.

Хонандагон метавонанд ин китобро аз Китобхонаи миллӣ дастрас намоянд

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи,
мукаммалгардонии фонд.