Китоби нав аз гузаштаву имрӯзи наққошии миллӣ

Ворисони БеҳзодИн китоб “Ворисони Беҳзод” ном дорад ва муаллифонаш Б.Ёғибеков ва  Ш. Сайфуллоева мебошанд. Китоб ба вижагиҳои санъати рассомии миллӣ бахшида шуда, таърихи рушди онро мавриди пажӯҳишу таҳқиқ қарор додааст. Муаллифон дар сарсухани китоб овардаанд:

Санъат пироҳани миллат аст, санъат инъикоси ҳастии милат ва аломати мавҷуд буданаш аст. Маҳз тариқи санъат метавон бузургии маънавиёти ҳар қавму мллатро дарёфт. Инъикоси санъату ҳунари ҳар миллат, бузургдошти урфу адат, далели истиқлолияти давлатии он миллат ба шумор меравал. Санъати халқи тоҷик чунон, ки санъатшиноси тоҷик Бойназаров Б. дар асари худ овардааст: «Ҳанӯз аз даврони атиқа сарчашма гирифта, ба дурии дуриҳои қуруни ибтидоӣ мутааллиқ аст». Тоҷикон аз доврони куҳан соҳиби санъату ҳунар, урфу одат таърихи худро то имрӯз пойбарҷо нигоҳ медоранд.

Тоҷикистон сарзамини шоирон, олимон, мусаввирон ва ромишгарони машҳурест, ки тӯли қарнҳо анъанаи куҳани суварнигории хешро аз даст надодааст. Ин масире буд аз тасвироти рӯйисангии замони палеолит, наққошиҳои муҷассамавии рӯйидеворӣ ва миниатюраҳои асримиёнагӣ, гуногунрангии осори эҷоди мардумӣ ба диди мусаввири муосир ва таҷассуми олам.

Дар замони муосир дар Тоҷикистони дар ҳоли рушд ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ҳамасола аз сари нав масъалаи инъикоси айнии таърихи санъати тасвири падид меояд.

Ҳанӯз даҳ сол муқаддам бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боргоҳи ҳунар Донишкадаи давлатии санъати тасвириӣ ва дизайни Тоҷикистон таъсис ёфт ва дар қатори ин дигар мактабҳои санъату ҳунармандӣ кушода шуда рӯ ба инкишоф ниҳоданд. Дар ин мактабу донишкадаҳо мо аз санъату ҳунари бостон то даврони истиқлолият ҷавононро огоҳ хоҳем кард ва барои пайрав буданашон аз ҳунармандони куҳан, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва бузургдошти ин ҳунарҳо ташвиқот хоҳем бурд.

Яке аз саромадони санъати тасвирии тоҷику форс Камолиддини Беҳзод буд, ки асарҳои ӯ ба мо пора-пора омада расидаанд. То имрӯз аз санъати ин мониқалъам дар Аврупо ва  Шарқ дар ҳайратанд. Таҳти таъсири ақоиду ғояҳои инсондӯстонаи пештозони майдони адаби даврон дар фаъолияти эҷодии Беҳзод таваҷҷуҳ ба инсон, ба олами атрофи ӯ падид меояд ва мусаввир ҳар чӣ бештар пурратару васеътар ба тасвири ҳаёти инсон мепардозад.

Китоби “Ворисони Беҳзод” дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолеа аст.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд