Китоби нав. «Баҳор дар замҳарир»

Баҳор дар замҳарирКитоби «Баҳор дар замҳарир» аз тарафи Муассисаи нашриявии «Адиб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбааи ҶДММ «Бобек» ба нашр расидааст.

Асари мазкур, бо пешгуфтор ва таҳрири Шоири халқии Тоҷикистон Хайриддин Хайрандеш омода шуда, маҷмӯи ашъори Шукрона Эраҷро фаро гирифтааст.

Дар пешгуфтор мехонем: Шукрона Эраҷ дастпарвари Маҳфили «Ҳамешабаҳор»-и Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳанӯз хонандаи синфи 3-юм буд, ки бибиаш Зебуннисо ӯро ҳамроҳи хоҳараш Омина ба ин маҳфил овард. Ҳафта ба ҳафта пешравӣ ва завқу салиқаи баланд доштани Шукронаро аҳли маҳфил эҳсос мекарданд. Шукрона оҳиста-оҳиста аз эҷоди шеъри бачагона ба гуфтани ғазал ва шеъри нимоӣ гузашт. Навҷӯиҳо ва нафаси тоза шеъри Шукронаро рӯз ба рӯз ҷаззобтару руҳафзотар мегарониданд.

Ин аст, ки соли 2023 Шукрона Эраҷ ғолиби номинатсияи эҷоди назми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид. Ӯ дар ин номинатсия сазовори ҷойи аввал гашт.

«Баҳор дар замҳарир» нахустин маҷмӯаи шеъри Шукрона буда, аз ҳунари баланди шеъргӯӣ ва истеъдоди волои ӯ дарак медиҳад.

Ҳоло Шукрона Эраҷ хонандаи синфи 11 «А»-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ба номи Бозор Собир буда, таҳсилро дар ин мактаб бо баҳои хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ идома дода истодааст.

Ҳавлие, ки Шукрона Эраҷ 30-юми апрели соли 2007 дар он таваллуд ёфтааст, дар маркази Майдони Истиқлол мавқеъ дошт. Ва ҳамон тоҷе, ки шабҳо бо ҳазору як рангорангӣ ба атроф нуру ҷило медиҳад, маҳз дар замине, ки ҳавлии онҳо қарор дошт, бо як шаҳомату шукӯҳи хоса қомат барафрохтааст.

Ва ин хеле рамзист.

Орзу мекунем, ки дар ояндаҳои наздик пайкараи рамзӣ ва тиллоии шеъри Шукрона дар майдони муқаддас ва бузургу боҳашамати адабиёти ҷаҳон қомат барафрозад ва ба атрофу акноф бо ҳозору як рангу ҷило шаъшааафшонӣ кунад.

 Хонандагон метавонанд китоби дарсии « Баҳор дар замҳарир»-и Шукрона Эраҷро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Маҳмадвалӣ Зиёев, сармутахассиси
Маркази «Тоҷикшиносӣ»