Китоби нав. «Бозор Собир – шоири танҳои миллат»
Китоби адабиётшиоси маъруф Ҷамолиддин Саидзода ҳамин сол рӯи чоп омад ва чуноне аз муаррифии кӯтоҳи он омадааст, дар ин рисола шеъри устод Бозор Собир аз лиҳози гуногун, аз ҷумла сабк, мавзуъ, тасвир, сувари хаёл, ғоя, таъсирпазирӣ, Ватану ватандӯстӣ, душанбеситоӣ, мусиқӣ, рӯҳи миллӣ, сиёсӣ ифтихор ва худшиносии миллӣ, нақди адабӣ ва ғайра, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Муаллиф ин рисоларо барои аҳли илму адаб, омӯзгорон, донишҷӯён, талабогони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва оммаи васеъи хонандагон пешниҳод кардааст.
Боби аввали китоб “Бозор Собир ва гӯяндагони пешин” ном дошта, бо ин ду мисраъ оғоз мешавад:
Дар шеъри Аҷам шир аст, дар шири Аҷам шеър аст,
Анбӯҳи қаламзораш найзори қалам шеър аст.
Бозор Собир
Дар осори устод Бозор Собир аз номҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Унсурӣ, Носири Хусрав, Хайём, Масъуди Саъд, Адиб Собир, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ Ҳилолӣ, Ҳотифӣ, Урфӣ, Аҳмади Дониш, Шоҳин, Ҳайрат, ва дигарон рӯбарӯ мешавем. Аммо ӯ беш аз ҳама аз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, ва Ибни Сино ёд мекунад.
Гарчи таъби Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард,
Офарнин бар таъби Айнӣ Рӯдакӣ эҷод кард.
Гар ба дунё рафт Сино чун табиби иллате ,
Кард уро ҳиммати Айнӣ табиби миллате.
Ин ёдовариҳо, ки дар ашъору навиштори шоир ба дида мерасанд ва дар ҳолатҳои мухталиф аз хомааш таровидаанд, аз вақеаву ҳодисаҳои гуногун хабар медиҳанд, мақсаду вазифаҳои мухталифро ба дӯш доранд. Ба ҳарфи дигар, ин ёдкардаҳо гоҳ барои ифтихор, гоҳ барои тавзеҳу ташреҳи воқеи таърихӣ, гоҳ барои тасдиқ ва тайиди фикр, гоҳ барои баёни ҳоли худ ва миллату авзои кишвар дар шеъри шоир омадаанд ва алоқаи ӯро ба шеъру адабу фаҳангу таъриху тамаддуни гузашта ва чеҳраҳои сутурги илму адабамон бозтоб медиҳанд. Масалан, вай «дар орзуи умри Ҳофизвор» будани худро бад-ин наҳв ба намоиш мегузорад ва таъкид менамояд:
Гарчи шоирҳо дар олам дер пайдо мешаванд,
Гарчи нанги шоирӣ бар марг илқо мекунад,
Гарчи умри шоирон бисёр нест,
Кӣ чу ман дар орзуи умри Ҳофизвор нест?
Маври ба ёдоварист, ки Ҷамолиддин Саидзода 20 феврали соли 1952, дар деҳаи Кабкрези ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи хидматчӣ таваллуд шудааст. Аз соли 1959 то соли 1967 дар мактаби 8-солаи рақами 77-и деҳаи Кабкрез хондааст. Баъди хатми он дар мактаби рақами 2-и деҳаи Гумбулоқ (ҳоло Меҳробод) таҳсилро идома дода, онро соли 1969 хатм намудааст.
Аз соли 1972 то соли 1974 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Армияи Советӣ хидмат намудааст. Баъди хатми аскарӣ, яъне соли 1975, дар сехи сеюми заводи «Тоҷикгидроагрегат» ба сифати коргар кор кардааст. Худи ҳамон сол (1975) ба шўъбаи шабонаи факултети филологияи (суханшиносии) ДТТ ба номи В.И.Ленин дохил шуда,онро соли 1981 хатм намудааст.
Дар ин муддат, яъне солҳои 1976-1977, дар кумитаи ДОСААФ-и ноҳияи Фрунзеи ш.Душанбе ба сифти инструктор фаъолият намудааст. Аз соли 1977 то соли 2009, яъне 32 сол, дар мактаби рақами 63-и ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе ба сифати омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик кор кардааст.
Аз соли 2003 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва аз соли 2009 то имрӯз дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИҶТ ба сифтаи ходими калони илмӣ кор мекунад. Соли 1999 дар мавзӯъи «Ақидаҳои педагогии Соиб» рисолаи номаздӣ ҳимоя кардааст. Ҷамолиддин Саидзода омӯзгор, олим, мунаққид, адабиётшинос ва аз соли 2011 аъзои Иттифоқи нависандагон мебошад.
Ба корҳои эҷод аз соли 1984 машғул аст. Нахустин мақолааш бо унвони «Аз мукофоти амал ғофил машав…» соли 1984, дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», чоп шудааст. То имрӯз қариб 500 мақолаву тақриз доир ба нақду адабиётшиносӣ ва омӯзишу парвариш иншо ва мунташир сохтааст.
Китоби “Бозор Собир-шоири танҳои миллат”-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Фарзона Шарифова, мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.