Китоби нав. Бред Гуч “Асрори Мавлоно. Зиндагиномаи шоири сўфии ошиқ”

Ин китоб соли 2017 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чоп шудааст. Бо талоши донишманди тоҷик Парвона Ҷамшедов аз англисӣ ба русӣ тарҷума шудааст. Аз русӣ онро ба тоҷикӣ муҳаммадшариф Рустамзода баргардон кардааст. Китон зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ нашр шуда, профессорон Абдунабӣ Сатторзода ва Насрулло Убайдулло муҳаррирони тоҷикии онанд.

КИСТ БРЕД ГУЧ?

 Посухи ин суол дар сарсухани тарҷумон омадааст. Ва чун ин сарсухан хеле мухтасар буда, ҳам муаллиф ва ҳам китоби мавриди назарро муаррифӣ мекунад ва аз сӯи дигар чигунагии тарҷумаро низ баён медорад, тасмим гирифтем онро ба пуррагӣ орем.

 

БРЕД ГУЧ дар соли 1952 дар шаҳри Кингстони иолати Пенсилвансияи ИМА ба дунё омада, дар соли 1984 ба гирифтани унвони доктори забони англисии Донишгоҳи Колумбия мушарраф шудааст. Ў ҳоло як нафар шоири маъруф, нависандаи пуркор, зиндагиномависи шаҳир, устоди адабиёт ва нависандаи хуб дар Донишгоҳи Вилям Петерсони иолати Ню- Ҷерсӣ аст.

Гуч фаъолияти носириро бо навиштани зиндагиномаи яке аз машҳуртарин бонувони достоннависи Амрико ба номи «Флоннери: Зиндагонии Флоннери О. Коннор» шурўъ кардааст.

Ин китоб ба муваффақият соҳиб гашта, ҷоизаи мунтақидони байналмилалии китоб, унвони асари баргузидаи Ню –Йоркро ба даст овард.Гуч дар соли 2015 хотираҳои ҳаёти якҷояашро бо филмсози машҳур Ҳовард Брукнер дар китобе ба номи «Шарҳи ҳоле аз Ҳовард ва ҳунар, даҳаи 70 ва 80» мунташир кард, ки аз тарафи хонандагон хуб пазируфта шуд.

Дар асарҳои Гуч баёни пастию баландиҳои зиндагӣ, нигоҳ ба воқеиёти рўз, ишқ ва илоҳиёт ҷойи асосиро ишғол мекунанд. Ҳамчунин, аз асарҳои муваффақи ў «Бӯсаҳои тарснок» (2003), «Асри тиллоии фисқу фуҷур» (1996), “Ноболиғ ва достонҳои дигар» (1984) –ро низ метавон номбар кард. Ғайр аз ин мақолаҳои адабӣ, интиқодӣ, достонҳо ва ашъори зиёди ў дар шакли китоб ё дар маҷаллаҳои  муътабар ба табъ расидаанд.

Асари ин ҳама мақбули Гуч «Асрори Мавлоно: зиндагиномаи шоири сўфии ошиқ» ном дорад, ки дар соли 2017 мунташир шуд. Дар муқаддимаи китоб зикри сабабу ҳолати сайри нависанда дар олами ишқ ва андешаҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – шоири форсу тоҷики асри ҳафтуми ҳиҷрӣ омадааст. «Асрори Мавлоно» мақбули хонандагон ва мунаққидони Ғарбу Шарқ гаштааст. Нависанда дар таҳияи асар ба китоб ва манбаъҳои муътабар рўй оварда, паҳлўҳои гуногуни зиндагӣ ва осори Мавлоноро барои хонандаи муштоқи ғарбӣ бо диди худ баён кардааст. Он барои хонандагони Шарқ, хоса, мардуми хушсалиқа ва адабиётдўсти форсизабон низ сазовори таваҷҷуҳ буда метавонад. Махсусияти асари мазкур аз он иборат аст, ки нависанда кўшидааст таъкид намояд, ки зиндагӣ ва андешаҳои ин шоири бузургро ҳар кас аз осори худи Мавлоно ҷустуҷў ва пайгирӣ намояд. Бинобар ин, дар матни асар истинодҳо ба осори худи шоир, иқтибосҳо аз сарчашмаҳои бадеию таърихӣ хеле зиёд ба чашм мерасанд. «Ин усул, – чӣ тавре ки муҳаққиқ Тоҷибой Султонӣ зикр кардааст, – яъне, тавассути осори худи Мавлоно даст ёфтан ба зовияҳои афкори ў нахуст аз тарафи Сипаҳсолор роҳандозӣ» шуда буд”.

Бояд гуфт, ки Бред Гуч дар китоби мазкур ҳангоми истифодаи ашъори Мавлоно ва сарчашмаҳои дигар тарҷумаҳоеро, ки худ бо ёрии дўстонаш анҷом додаст, истифода бурдааст. Тарҷумони русии асар – Парвонахон Ҷамшедов низ асосан аз ин қоида истифода намудааст. Дар тарҷумаи тоҷикии асар мо бо назардошти он ки забони модарии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ форсии тоҷикист, кўшиш кардем ҳадди имкон аз матни забони аслии асарҳои мазкур, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон чоп шудаанд, истифода намоем. Танҳо дар мавриди дастрас набудани баъзе аз ин асарҳо ба тарҷумаи матнҳо ва истифодаи сарчашмаҳои бакорбурдаи муаллифи китоб рўй овардем. Ҳамчунин, асли се байт, ки дар матни англисӣ ва русӣ омадаанд, пайдо нашуданд; бинобар ин, мазмунашон оварда, ё ихтисор карда шуданд, ки гуфтан мумкин аст, ба мазмуни асар зиён нарасондааст.

Барои хондани пешнависи тарҷумаи тоҷикӣ ва маслиҳатҳои муфид ба бародарони азизам донишманди мумтоз, доктори фанни филология Тоҷибой Султонӣ, нависанда ва муҳаққиқони хуб Қодири Рустам ва Иброҳими Наққош изҳори ташаккур мекунам.

Китоби “Асрори Мавлоно” – ро ҳоло шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

 

Таҳияи Мавзуна Назарова, сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.