Китоби нав. Бунафша Ғаниева: “Пайроҳаи умр”

Пайрохаи-умрИн китоб ба ҳаёту фаъолияти илмӣ – омўзгории номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Бунафша Ғаниева бахшида шуда, хонандаро ба фаъолияти пурсамари 40 – солаи илмӣ ва педагогии ин омўзгори шинохтаи тоҷик ошно месозад.

Мутолиаи китоб барои муҳаққиқони илмҳои педагогӣ, омўзгорон, донишҷўён, масъулини соҳаи маориф ва доираи васеи хонандагон тавсия шудааст.

Академик Ирина Каримова дар сарсухани худ навиштааст:

Бунафшаро чун як бонуи меҳнатқарин, соҳиби дили поку мисли офтоб нурполо, беолоиш, самимию некманиш ва шахсияти нотакрор мешиносам.  Ў рўҳи шикастнопазир дорад.  Ҳар куҷое ўст шодию нишот он ҷост. Нафари таъсиргузор аст, хастагиро намеписандаду мағлубнопазир аст. Ҳамин аст, ки фаъолияти серҷанба дораду дар ҳама самт муваффақ ҳам ҳаст. Ў омўзгорест соҳибмактаб. Наздик чил сол мешавад, ки дар пайроҳаи мушкил, вале шарафманди омўзгорӣ раҳнавард аст, дар баробари ин эҷод мекунад.

Чанде пеш мусаввадаи китоби «Пайроҳаи умр» – и номзади илмҳои педагогӣ, устоди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Ғаниева ба дастам расид. Пас аз мутолиа дарёфтам, ки соҳибқаламест, ки мехоҳад, бо эҷодаш низ дар рушди маориф, таълиму тарбия, ахлоқу рафтори ҷомеа саҳмгузор бошад. Китоб аз чор қисмат иборат буда, фасли аввал «Маҷмуи мақолаҳо» номгузорӣ шудааст. Дар ин қисмат мақолаҳои дар солҳои гуногун эҷодшуда ва дар матбуоти даврӣ чопшудаи муаллиф ҷаъоварӣ шуда, мавзуъҳои гуногуни самти таълиму тарбия, ислоҳоти соҳаи маориф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст.

Дар фасли дуввум – «Башорати шукуфоӣ» намунаи шеърҳои дар солҳои гуногун эҷод намудаи ў, ки ба мавзуи тараннуми ватану ватандорӣ, меҳру муҳаббати падару модар, маназараҳои дилкаши диёр бахшида шудааст, гирд оварда шудааст. Фасли сеюм, ки «Ҳадиси дўстон» номгўзори шудааст ва дар он мақолаҳои зиёде, ки дар солҳои гуногун дар матбуоти даврӣ доир ба фаъолияти гуногунҷанбаи Бунафша Ғаниева ба дасти чоп расидаанд, пешниҳоди хонандагон гардидааст. Фасли чаҳорум бо номи «Аксҳо шоҳиди гуёанд» пешкаши ҳаводорон мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаҳони муосири тағйирёбанда омўзгорон бояд сифатҳои навоварӣ, эҷодкорӣ, салоҳиятнокӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносию бунёдкориро дошта бошанд. Онҳо бояд роҳҳои дастрас кардани маълумотро тавассути воситаҳои гуногун интихоб намуда, онро таҳлилу арзёбӣ карда, мушкилиҳои гуногуни таълимию ҳаётиро ҳал карда тавонанд ва масъулиятшинос бошанд.  Дар ин раванд барои ташаккули ин сифатҳо бояд заминаи мусоид фароҳам оварда шавад. Китоби «Пайроҳаи умр» дар заминаи таҷрибаи тўлонӣ рўйи коғаз омада, дар он тозаҷўиҳои муаллиф ба назар мерасад.  Бо мутолиаи ин рисола хонандаи хушманд метавонад, беҳтарин андешаҳоро доир ба таълиму тарбияи инсони комил барои худ бардошт кунад.

Фарҳоди САЛИМ