Китоби нав. “Чароғи маҳфили дилҳо”

Charogi-mahfili-dilhoИн китоб чун як даста меҳрнома ба Баҳриддини Киром, бародари Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром аст, ки чанде пеш чоп шудааст. Китоб аз ҷониби Афзалшоҳи Шодӣ, Ҳоҷӣ Некбахт Қаноатзода ваҶӯрақули Маҳкамзод таҳия шудааст.

Китоб ба шарафи 75-солагии фарзонамарди Урметандеҳ, инсони наҷиб рафиқи шафиқ ва ҷавонмарди сахо  Баҳриддини Киром бахшида шудааст. Тавре дар муаррифии китоб омадааст, дар сифот ва хасоили мардонагӣ, маърифати ӯ номвартарин суханварони миллат арзи эҳтирому икром намудаанд, ки муҷиби ифтихори аст. Навиштаҳои худи Баҳриддин як пора таърихи деҳаи Урметан ва мардумони соҳибмақому хирадпешаи он мебошад.

Китоб як маҷмӯаи хотирот аз шахсиятҳои маъруфе чун Доро Наҷот, Мирзошоҳрух Асрорӣ, Некбахт Қаноат, Абдурауф Муродӣ, Юнус Юсуфӣ, Мансур Суруш, Шараф Боқӣ, Хуршед Атовулло, шеърҳои Гулназар, Сайидалӣ Маъмур, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғоиб, Аҳмадҷон Раҳматзод, Озарахш, Гурез Сафар, Ато Мирхоҷа, Абдуҷаббори Суруш, Парда Ҳабиб, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Салими Хатлонӣ ва даҳҳо нафари дигар иборат мебошад.

Дар бахши охир навиштаҳои худи Бадриддини Киром, ки солҳои мухталиф дар матбуоти кишвар чоп шудаанд, гирд оварда шудааст.

Китоби “Чароғи маҳфили дилҳо”-ро шумо метавонед дар ки тобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Гулистон Лундишоева