Китоби нав – “Чӯҷа, ҷӯча ва Хӯҷа”
Бо ташаббуси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” дар бораи китобҳои тозанашре, ки соли 2024 ба чоп расидаанд, барномаи телевизионии “Китоби нав” доир мегардад.
Дар барнома маҷмӯаи шеърҳои Низом Қосим манзури бинандагон гашт. Шеърҳо бо забони ширин ва барои бачагон хеле равон буда, мавзӯъҳои гуногунро дар бар мегиранд.
- Мезанӣ бо ман футбол? –
Ба Шошо гуфто Бобо.
- Поям каме лат хӯрда, -–
Сархам бигуфташ Шошо.
- Пас бишав, – гуфто Бобо, –
Дарвозабон, эй Шошо!
Ё ана шеър-тезгӯяк, ки дар бурро гаштани нутқи бачаҳо мададрасон аст:
Гузашта рафт аз кӯча
Чӯҷа ба лаби ҷӯча.
Хост аз ҷӯча хӯрад об,
Хӯрд пояки чӯҷа тоб…
Дар фароварди китоб чанд чистон низ оварда шудааст, ки диққати кӯдакро ҷалб намуда, тасаввуроташро рангин месозанд:
Мерезаду мепошад рӯи дарёву кӯча,
То вақте ки ӯ бошад, ман нестам дар кӯча. (Борон)
Ё худ:
Омад дар аввали сол фарбеҳу, чоқу, хушҳол,
Батадриҷ он лоғар шуд ва ғоиб аз назар шуд. (Тақвим)
Зикр бамаврид аст, ки ин китоб ва боз китобҳои зиёди дигаре бо забонҳои тоҷикӣ ва русиро хонандагони наврас мтавонанд дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон мутолаа кунанд.
Махфират Муҳидинова
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа