Китоби нав дар бораи асосҳои назариявии демократикунонии низоми идоракунӣ  

низоми идоракунӣ  Номи пурраи ин китоб «Асосҳои назариявии демократикунонии низоми идоракунӣ дар шароити ислоҳоти фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» буда, муаллифи он Ҷамшед Намоззода мебошад. Ин монграфияи илмӣ ба таҳлилу таҳқиқи асосҳои назариявии демократикунонии низоми идоракунӣ дар шароити ислоҳоти  фаъолияти муассисаҳои  таҳсилоти муёнаи умумӣ бахшида шудааст.

Дар муқаддимаи китоб омадааст, ки маориф дар ҷаҳони имрӯза захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон гаштааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, қайд меунанад, ки «… дар ин раванд як ҳақиқатро дар назар бояд гирифт: дар ҷоҳони муосир ба бузургтарин дастовардҳо он кишваре мушарраф мешавад, ки ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва дар ҳаёт ҷорӣ кардани техника ва техноллогияи нав таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад…» .

То соли 1991 Тоҷикистон дар ҳайати собиқ ИҶШС шомил буда, дар низоми банақшагирии мутамаркази хоҷагӣ қарор дошт. Дар давлати Шуравӣ сармоягузориҳо дар сохтори иҷтимоӣ имкон надоданд, ки Тоҷикистон барои расидан ба чунин  сатҳи рушди соҳаи маориф, ки ҷавобгӯи талаботи кишвари рушдкунанда бошад, ноил шавад.

Дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX дар кишвар ошкоргардии сатҳи баланди саводнокӣ дар байни калонсолон, мухоҷират (тибқи  баруйхатгирии аҳоли аз соли 1989) ва инчунин таҳсилкарда захираҳои меҳнатӣ  – 77%-ро нишон медоданд. Аммо сохтори марказонидашуда, ҳарчанд аз мушкилот дар ҳамаи саҳаҳои ҳаёт ҳимоя мекард, бо вуҷуди ин, ҷумҳурӣ ба нуқсону буҳронҳои иқтисодӣ омода набуд, зеро сармояи инсонӣ рушд накарда буд…

Хонандагон китоби мазкурро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.