Китоби нав. “Дар моварои ёдҳо”

Дар моварои ёдҳоКитоби “Дар моварои ёдҳо”, ки чанде пеш дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд рӯи чоп омадааст, ёдномаи устодон, дӯстон ва ҳамқаламони марҳум Махсум Олимӣ – шоири тавоно ва шаҳид аст. Ин аввалин китобест, ки ба сурати ёддошту хотираҳо аз ҳаёти Махсум Олимӣ чоп мешавад. Махсум Олимӣ замоне аз тири нохалафон ва душманони миллат ба ҳалокат расид, ки нав беҳтарину хубтарин ашъорашро месуруд ва аз худ чун як шоири тавонои оянда дарак медод. Ба ҳамон синну сол ҳам миёни хонандагонаш маҳбубият дошт.

Тавре аз ёдномаи устодони забардасти адаб бармеояд, Махсум бо хислатҳои ҳамидаву ахлоқи накӯ миёни аҳли адаб мавқеъи хосс доштааст.

Китоб бо сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод чоп шудааст ва ӯ гуфтааст, ки “дар қисмати Махсум ду нафар адибони шуҳратмандамон устодон Муъмин Қаноат ва Қутбӣ Киром нақши арзанда доранд. Аввалан, устод Мўъмин Қаноат, ки он солҳо сарвари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буданд, барои як ҷойи ба Тоҷикистон ҷудокардаи Институти адабии умуми ҷаҳонии ба номи Максим Горкий розӣ шуданд ва мусоидат ҳам карданд, то шоири ҷавон Махсум Олимӣ фиристода шавад. Азбаски устод Қаноат он солҳо баъди тарҷумаи достони «Суруши Сталинград» ва сазовор шудан ба Мукофоти давлатии СССР дар байни адибони рус, бахусус Маскав шуҳрат ва обрўи калон дошт, муроҷиати ў ба роҳбариати донишгоҳи мазкур бенатиҷа намемонд. Сипас, устод Қутбӣ Киром дар ҳақиқат падарона дар ҳаққи Махсум Олимӣ ғамхорӣ зоҳир карданд. Азбаски устод Қутбӣ бо шоирони шуҳратманди рус Андрей Дементеву Лев Ошанин, қабардину балқар Қайсин Қулиеву Давид Кукулдинов, қазоқ Олжас Сулаймонов дўстони хуб буданд, шароит фароҳам оварданд, ки як нафар тоҷикписари рустоии пурорзў ба пойтахти мамлакати бузурги шўравӣ рафта, дар катари садҳо нафар ҷавонони соҳибистеъдод аз тамоми гўшаю канори олам аз бузургони асили адабиёт дарси адаб омўзад...”

Хотираҳои устодон басо ҷолибу хонданианд ва ҳар кадом бо нақли рӯйдоде аз ҳаёти марҳум Махсум Олмӣ талош кардаанд, шахсияти ӯро бештар муаррифӣ кунанд. Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Кароматуллоҳи Мирзо аз меҳмонии худ ва Қутбӣ Кирому Мастон Шералӣ (равонашон шод бод!) дар хонаи падари Махсум қисса карда, як сухани падари ӯро ӯро овардааст: “Писари ман ҳоло ҷавон аст. Пасту баланди зиндагиро намедонад. Ӯро эҳтиёт кунед”. Ва таассуф мехӯрад, ки “дардо, аламо, ки ӯро эҳтиёт крада натавонистем!”

Дар китоб хонанда бо хотираҳои устодони каломи бадеъ Гулназар Келдӣ, Доро Наҷот, Ҳақназар Ғоиб, Ато Ҳамдам, Абдуҷаббори Суруш, Шераки Ориён ва дигарон ошно мешавад, нақди ашъори ӯро аз Лев Ошанин, Нуралӣ Нурзод, Исфандиёри Назар…мехонад ва аз зарофатҳои шоири шаҳид баҳра мебардорад.

Китоби “Дар моварои ёдҳо”бо талоши писари шоир Шаҳриёри Олим мураттаб шудааст ва шумо хонандагони азиз ҳоло метавонед онро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Зебонисо Калонова,
Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти
фаъолияти китобдорӣ.