Китоби нав. Давлат Алӣ: «Неругаҳи Пешвост Роғун».

Неругаҳи Пешвост РоғунКитоби Давлат Алӣ “Неругаҳи Пешвост Роғун” соли ҷорӣ зери назари Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар нашр шудааст. Ҳайати мушовараи китоб Озода Раҳмон, Асадулло Раҳмон ва Хайрулло Сафарзода мебошанд. Муҳаррир Раҳмоналӣ Мирализода.

Муаллиф дар ин маҷмӯаи ашъор шоҳкориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёдсозии Ваҳдати миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба наҳви самимона сурудааст.

Ҳоло “Дубайтиҳои лаби Хингоб” ном бахшро интихобан аз ин китоб пешкаш мекунем ва шумо метавонед бо ашъори дигари он дар Китобхонаи миллӣ ошно шавед.

ДУБАЙТИҲОИ ЛАБИ ХИНГОБ

Аё Хингоб, рӯзи Ваҳдат омад!

Чӣ бахтеву чӣ файзу неъмат омад!

Яке марди худододу худогах,

Чу Сомонӣ сари ин давлат омад!

 

Аё Хингоби ман, Хингоби гулбез,

Биё, дар соғари кафҳои ман рез!

Бигӯям нӯшбоди рӯзи Ваҳдат,

Ту ҳам бо шодии қалбам даромез!

 

Бихез, ай мавҷи хоболуда аз хоб,

Лаби соҳил бирӯбему занем об!

Равем арғушти душманталхакафкун,

Ба зери зарби Сулҳи Қасри Арбоб!

 

Лаби Хингоб дандон пила мекард,

Ба гирду пеш душман ҳила мекард.

Агар Эмомалӣ Раҳмон намешуд,

Сари моро дигар кӣ сила мекард?

 

Аё Хингоб, бин иқболи тоҷик!

Дили аз шодӣ моломоли тоҷик!

Бизан ҷӯшу бизан мавҷу садо кун:

Муборак бод истиқлоли тоҷик!

 

Аё Хингоб, Роғунат муборк!

Сурури мавҷи мафтунат муборак!

Ба ман неруи мавҷат барқ овард,

Накӯ неруи афзунат муборак!

 

Аё Хингоб, Роғун гашт обод!

Тамоми Тоҷикистонро Худо дод!

Шаби торики моро карда равшан,

Намеғунҷад дигар дар худ Сафарзод!

Таҳияи  Меҳрангез Муҳаббатова, сармутахассиси Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.