Китоби нав. Давлат Назрӣ «Тоҷикон»
Пажӯҳигар, рӯзноманигор ва дипломати маъруфи тоҷик Давлат Назрӣ (Давлаталӣ Назризода) китобоеро бо номи “Тоҷикон ва марзбандии соли 2024 (Ҷанбаҳои амалии мавзуъ)” мунташир кардааст, ки диди нав ба ин масъалаи баҳсбарангез аст.
Давлат Назрӣ ин бор танҳо ба асноди бойгониҳо, гузоришҳои матбуоти замон ва далелҳои дақиқи таърихӣ такя кардаву хулоса баровардааст.
Дар сарсухани китоб муаллиф менависад: Имсол аз рӯзи бунёди Тоҷикистон чун ҷумҳурии худмухтор сад сол пур мешавад. Халқи тоҷик дар таърихи гузаштаи худ соҳиби давлатдориҳои зиёд буд, вале вижагии бунёдгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки дар сарнавишти ин миллат ба марҳалаи нав оғоз бахшид. Аз ин рӯ ин рӯйдоди сад соли пеш барои мардуми мо аҳмияти бузург дорад ва таърихи имрӯзаи давлатамон чун ҷумҳурии озоду ягона аз ҳамон рӯзҳои тақдирсоз сарчашма мегирад.
Аз бунёди ҷумҳурии мухтор ба баъд бар асари пешравиҳои иҷтимоию иқтисодӣ Тоҷикистон соли 1929 ҷумҳурии иттифоқӣ шуда, соли 1991 дар баробари дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ Истиқлоли давлатӣ ба даст овард. Имрӯз давлат таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти чашмрас дорад ва бо ташаббусу ибтикори созандаи худ дар арсаи байналмилаӣ ҷойгоҳи худро ишғол намудааст. Иқтидори иқтисодии кишвар аз ҳисоби ба кор даровардани нерӯгоҳҳои барқии обӣ, корхонаҳои нави саноатӣ, бунёди роҳу пулҳо ва дигар иншооти инфрасохторию комуникатсионӣ бомаром боло меравад.
Мавзуи ин пажӯҳиши мо назари нав андохтан ба ҳамон давраи пурпечутоби марзбандии солҳои 20 – уми асри гузашта аст, ки дар натиҷаи он тоҷикон низ соҳиби ҷумҳурии худ шудаанд
Дар бораи «табартақсими» ҳудуди халқҳои Осиёи Миёна дар замони марзбанди солҳои 20 – ум, ки дар натиҷаи он ҷумҳуриҳои нав, аз ҷумла, Тоҷикистон ташкил ёфтанд ва дар ин раванд ба беадолатиҳо нисбати халқи тоҷик роҳ дода шуд, бисёр навиштаанд. Ҳангоми омӯзиши иддае аз ин асарҳо ва муқоиса кардани онҳо бо сарчашмаҳои бойгонӣ ва маводи дар воситаҳои ахбори ҳамон замон чопшуда базе таҳрифу арзёбиҳои нодуруст ба чашм расид, ки мо тасмим гирифтем ба онҳо то андозае равшанӣ андозаем. Пешакӣ бояд бигуем, ки ин ҷо мақсад паст задан ё боло гузоштани халқе нисбати дигарон нест, чун медонем ки ҳамаи халқҳои минтақа соҳиби таъриху фарҳанги шоистаи худ ҳастанд ва асрҳо боз халқи тоҷик бо онҳо паҳлӯ ба паҳлӯ зист дорад, куҷое расму русум фарқ мекунад, куҷое ҳаммонандиҳо доранд, тӯли асрҳо аз ҳамдигар чизҳои зиёде омӯхтаанд ва чизҳоеро ҳам бебозгашт бо худ гирифтанд, моли худ карданд. Тоҷикҳо беҳуда намегӯянд, ки ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст. Ин ҷо гап сари омилҳои хоси он замон ва қувваҳои ҳаракатдиҳандаву дастандаркороне меравад, ки боиси каҷравиҳо дар он раванд гардиданд ва ин, фусӯсона, дар сарнавишти давлатдориҳои навини тоҷикон нақши худро гузошт. Равандҳое, ки солҳои 20-уми садаи гузашта рух доданд ва каҷравиҳо доштанду ба тоҷикон зарба заданд, ин як тарафи масъала аст. Рӯяи дигари он муносибати пажӯҳишгарон ба он равандҳои таърихӣ ва арзёбӣ ба ин ё он халқ аст, ки фусӯсона аз воқеият канор гирифта, ба дарёфти камбудиҳо, нуқтаҳои заъф, инкор кардани мавҷудияти ин ё он халқ, асоснок кардани тасмимгирихо ба омилҳое, ки аҳмияти дуюмдараҷа ё сеюмдараҷа доштанд ва ғайра, қаҳрамон тарошидан аз шахсоне, ки бо гуноҳи онҳо чунин натиҷагириҳо шуда буд, даст мезананд. Албатта, аз пушти навиштаи ҳар муҳаққиқу нависанда нашуда, фақат доир ба он мавзеъгириҳое ибрози назар мекунем, ки аз назари мо барои омӯзиши масъала аҳмияти принсипиалӣ доранд.
Худшиносӣ ва худогоҳӣ ба ҳам пайванданд. Барои худшинос будан донистани таърих, ба таври воқеӣ инъикос кардани он ва мунсифона баҳо додан ба рӯйдодҳои таърихӣ дар ин росто хидмати бузургеро баҳо ба ҷо оварда метавонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани навиштаашон ба «Тоҷикон»- и Бобоҷон Ғафуров чунин гуфтаанд: «Худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ аз огоҳӣ доштан аз таърихи гузаштаи халқ ва ошноӣ бо корномаи фарзандоне, ки дар роҳи расидан ба озодиву истиқлол ва таҳкиму давлатдории миллӣ талош кардаанд, сарчашма мегирад.
Моро зарур аст, ки худогоҳу худшинос бошем, таърихи пурифтихору фарҳанги оламшумули ниёкони сарбаланди хешро аз худ намоем, ба хизматхои беназири адибону мутафаккирони номдори пешинаамон арҷ гузорем ва барои ҳифзи суннату анъанаҳои неке, ки аз замони бостон то ба имрӯз боқӣ мондаанд, талош варзем, хотираи фарҳангиву таърихии худро тавсеа бахшем, барои пойдории истиқлолу озодии давлати миллиамон ва ҳар як ваҷаб хоки ин Ватани муқаддас ҳамеша омода бошем».
Дар вобастагӣ ба мавзуъ ҳамчунин зикр кардан бамаврид аст, ки ҳангоми таъсис додани Ҷумҳурии Тоҷикистон бар хилофи хиёнати баъзе намояндагони миллати тоҷик, ки ҳамон вақт ба решаҳои давлатдории он табар задаанд, касоне аз миллатҳои дигар овоз баланд карданд ва то ҷое масъаларо ба фоидаи тоҷикон ҳал намуданд. Ҳанӯз дар марҳалаи баррасии масъалаи марзбандӣ муовини Комиссари халқӣ оид ба корҳои миллатҳо Г.И.Бройдо дар гузорише ба КМ РКП (б) пешниҳод карда буд, ки барои тоҷикон ҷумҳурии мухтор таъсис дода шавад. Ин андеша аз ҷониби зеркомиссияи тоҷикон бетаваҷҷуҳ монд ва ҳамон пешниҳоди Ф.Хоҷаев дар барои дар ҳайати ҷумҳурии Ӯзбекистон созмон додани вилояти мухтор то натиҷагирии ниҳоӣ дар Тошканду Бухоро бетағъйир монд. Вақте, ки ҳайатҳо ба Москва рафтанд, то мақомоти умумииттифоқӣ қарори худро оид ба марзбандӣ бароранд, ҳайати тоҷикон бо гуфтугӯи ҷиддие бо раиси комиссия дар Москава В.В. Куйбишев рӯбарӯ омад. В.В. Куйбишев аз номи комиссияи худ ба ҷаласаи бюрои сиёсии КМ РКП (б) пешниҳод кард, ки ба ҷойи вилояти мухтор ҷумҳурии мухтори Тоҷикстон таъсис дода шавад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Баъзе олимони мо ин лаҳзаи муҳимми таърихиро таҳриф карданӣ шуданд, ҳатто гуноҳи раҳимбоевҳоро ба гардани Сталин задан хостанд, вале маводи бойгонӣ бебунёд будани чунин кӯшишҳоро ба осонӣ нишон медиҳанд.
Дар китоб санаду маводи зиёд фузуна шудаанд, ки барои омӯзиши масъалаи марзбандӣ ва дигар мавзуъҳои хоси он замон, ки ба он таъсири бевосита доштанд, аз қабили, пантуркизм, панисломизм, ҳаракатҳои босмачиён, мухторияти Қуқанд ва ғайра ёрии ҷиддӣ расонда метавонанд. Аз ҷумла, аз ин мавод ба равшанӣ падид меояд, ки ҳаракати босмачиён аз оғоз лоиҳаи пантуркистон буд ва ба манфиати онҳо хизмат кард. Яке аз душвориҳои тоҷикон ҳам дар раванди марзбандӣ ҳамин ҳаракати босмачиён буд: халқҳои ҳамсоя ба ҳар чи бештар васеъ кардани ҳудуди худ машғул буданду тоҷикон банди мубориза бо босмачиён. Таассуфовар он аст, ки чанд сол боз дар саҳифаҳои матбуот баъзе олимони мо барои сафед кардани босмачиён кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Воқеан, дар солҳои барқарор кардани ҳукумати шӯравӣ бар асари омилҳои гуногун дар баъзе минтақаҳо гурӯҳҳои алоҳида аз мардуми маҳаллӣ сар бардошта буданд, вале онҳоро ба ҳаракати босмачиён пайваст кардан аз рӯйи мантиқ нест.
Хонандагон китоби Давлат Назрӣ “Тоҷикон ва марзбандии соли 1924”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
Мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.