Китоби нав. Давлатшо Негматов: «Таърихи асрҳои миёнаи мамлакатҳои ҷаҳон»
Ин китоб соли ҷорӣ чоп шуда, ҳамчун китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия шудааст.
Дар муқаддима муаллиф овардааст, ки таърихи асрҳои миёна яке аз қисмҳои асосии таърихи умумӣ буда, он ба монанди дигар қисматҳои илми таърих, пеш аз ҳама, дар бораи таърихи тараққиёти ҷамъияти инсонӣ, бевосита дар бораи яке аз давраҳои муайяни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мадании он – асрҳои миёна маълумот медиҳад.
Истилоҳи «асри миёна» муодили ибораи лотинии medium aevum (асри миёна) аст ва он бори аввал дар асрҳои ХV-ХVII дар осори гуманистон (инсонгароён, инсонпарварон)-и Италия дучор меояд. Масалан, яке аз инсонгароёни асри ХVII Флавио Бондо дар асараш «Таърих аз суқути Рум» ин истилоҳ («асри миёна»)-ро нисбат ба солҳои байни замони худ ва давраи антиқӣ ба кор бурдааст. Таърихнигории марксистӣ асрҳои миёнаро ба давраи ташаккул, тараққиёт ва таназзули феодализм вобаста карда буданд. Аз рӯйи даврабандии таърихнигории марксистӣ инкишофи феодализм аз асри V (аз замони барҳамхӯрии империяи ғуломдории ғарбии Рум) сар шуда, то нимаи аввали асри ХVIII, яъне то таназзули феодализм ва пайдоиши муносибатҳои капиталистӣ, аниқтараш то Инқилоби буржуазии Англия идома ёфтааст. Дар асоси ин далелҳо марзи асрҳои миёна ҳам барои мамлакатҳои Аврупо асри V ва нимаи аввали асри ХVIII дониста шудааст, ки ин 12 асрро фаро мегирад. Муҳаққиқон, дар навбати худ, «Таърихи асрҳои миёна»-ро боз ба 3 давра давра тасниф кардаанд:
1) Давраи барвақтӣ (ташаккул). Ин давра асрҳои V-ХI-ро дар бар мегирад. Дар давоми ин асрҳо ҷомеаи ғуломдорӣ рӯ ба таназзул ниҳода, муносибатҳои феодалӣ ташаккул меёбанд. Муҳоҷирати оммавии қабилаю халқҳо ба вуқуъ пайваста, дар натиҷаи ба ҳам омехташавӣ халқиятҳои ҷудогона пайдо мешавад. Ба ҷойи давлатҳо ва империяҳои бузурги ғуломдорӣ давлату шоҳигариҳои алоҳидаи феодалӣ ба вуҷуд омада, парокандагии сиёсӣ торафт авҷ мегирад. Дини насронӣ тадриҷан ба дигар гӯшаву канори дунё паҳн шуда, таъсири он ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва хусусан фарҳангии халқ меафзояд.
2) Давраи мутараққӣ. Он асрҳои ХІ-ХV-ро дар бар гирифта, дар ин марҳала сохти феодалӣ пурра ғалаба мекунад, раванди ба дасти феодалони калон ҷамъшавии замин ба охир мерасад, шумораи деҳқонони озод хеле кам мешавад. Истисмори деҳқонони крепостой авҷ гирифта, шӯришҳои онҳо воқеаи доимӣ шуда мемонанд. Шаҳрҳои асримиёнагӣ рӯ ба тараққӣ оварда, муносибатҳои молию пулӣ ривоҷ меёбанд. Баъди кӯшишҳои марказгурезии феодалони давраи якум дар марҳалаи дуюм омилҳои ташкили давлати мутамарказ афзудан мегирад. Шакли нави давлатӣ – монархияи феодалӣ бо намояндагии мутлақ, маданияти эҳёи гуманистии бармаҳал ба вуҷуд меояд.
3) Давраи суқут (таназзул). Марҳалаи охири асрҳои миёна буда, асри ХVI-нимаи аввали асри ХVII-ро фаро мегирад. Дар ин давра сохти феодалӣ рӯ ба таназзул ниҳода, нишонаҳои аввалини муносибатҳои капиталистӣ пайдо мешаванд; муносибатҳои молию пулӣ ривоҷ ёфта, синфҳои нави ҷамъиятӣ – буржуазия (сармоядор) ва пролетариат (синфи коргар) арзи вуҷуд менамоянд. Кашфиётҳои ҷуғрофӣ афзуда, низоми мустамликадорӣ пайдо мешавад. Шакли сеюм – шакли охирини давлати феодалӣ ба амал меояд, ки он монархияи мутлақ ном дошта, дар он шоҳ ба ҳокимияти номаҳдуд молик мегардад. Дар интиҳои ин давра инқилобҳои буржуазӣ ба вуҷуд омада, паси ҳам ба сохти феодалӣ зарбаи сахт мезананд. Ҳамин тариқ чунон ки маълум мешавад, зимни мафҳуми давраи асрҳои миёна асосан пайдоиш, нашъунамо ва суқути ҷомеаи феодалӣ дар назар дошта шудааст…
Идома муқаддима ва матолиби китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.