Китоби нав. “Деваштич”

Матолиби китоби «Деваштич» аз китобҳои илмӣ, назмиву насрӣ ва рўзномаву ҷаридаҳои гуногун ҷамъ оварда шудааст. Чанде аз мақолаҳо тоза буда, ҳаёту фаъолият ва диловариҳои Қаҳрамони халқи тоҷик – Деваштичро равшантар мекунанд. Ҳадаф аз фароҳамсозии онҳо дар як маҷмўа бештар ошно кардани насли наврас, бавижа мардуми ноҳияи Деваштич бо таъриху тамаддуни тоҷикон ва қаҳрамониву ҷоннисориҳои Деваштич дар роҳи дифои Меҳан аз душман мебошад. Ноҳия дар замони соҳибистиқлолӣ номи ин сарлашкари суғдиро гирифт ва бисёр рамзист, ки китоб тавъам ба номи ин абармард интишор меёбад.

   Дар пешгуфтор мехонем: Ифтихорро таърихи бузург меофаринад. Агар гузаштагони пирўзу хирадварзу соҳибиродаи мо бо корномаву қаҳрамониҳои хеш ва осори гаронмояи худ миллатро дифоъ ва муаррифӣ  намекарданд, дарахти ифтихор ҳаргиз сарсабз намемонд.

     Таърих ному нишони миллати сахтҷону қавииродаи тоҷикро ба осонӣ дар дафтари худ сабт накардааст. Пешрафту шукуфоӣ ва тамаддуни бостонии ин халқро аҷнабиён бештари маврид чашми дидан надоштанд, аз он ки пешрафту шаҳрнишин нестанд, дар оташи рашку ҳасад месўхтанд ва зуд – зуд ба сарзамини мо, ба шаҳру шаҳракҳои ободу хуррами мо ҳуҷум мекарданд. Аз талаву тороҷ, шикастани дасту пову гардан, рехтани хуни беҳисоб ва ҷабру зулми гўшношунид сер нашуда, боз миллионҳо китобу дастхатҳо ва боргоҳҳои фарҳангии моро ба коми оташ додаанд.

      Аз таърих медонем, ки юнониён, арабҳо, муғулҳо, темуриҳо ва манғитиёну дигар душманони нотавонбин ҳазорон бор теша ба решаи миллати тоҷик задаанд. Дар баробари онҳо, далерону гурдон, паҳлавонону ҷанговарон, афсарону сарлашкарони диловари мо бо нангу номус бархоста, собит кардаанд, ки

    Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

    Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

 

      Аз ҷумла, Шерак, Хубиёншоҳ Конишаки Кўшонӣ, Спитамони Суғдӣ, Маздаки Бомдод, Ғўрак, Деваштич, Хуршеди Корзанҷӣ, Хурзоди Хоразмӣ, Сумбоди Муғ, Устод Сис, Муқаннаъ, Тоҳири Фушанҷӣ, Яъқуби Лайс, Абумуслими Хуросонӣ, Исмоили Сомонӣ, Ғиёсуддини Ғурӣ, Санҷари Сипарӣ, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ, Восеъ ва дигарон ба рағми ағёр шўрида, то қатраҳои охирони хун ҷангидаанд, то мардум ва Меҳанашон дар амон бошад.

     Ҳамаи ин қаҳрамонон аз байни халқ бархостаанд ва барои мардум размидаанд. Аз ҷумла, Деваштичи шуҷоъ ҳамчун фарзанди одии халқ бедодиву ҷаррории арабҳоро таҳаммул карда натавонист ва бар зидди онҳо ҷангида, қаҳрамонона шаҳид гашт.

     Гарчанде  ў ба дасти душман афтод, аммо чанд муддат оташи тарсу ваҳм дар ҷону дили арабҳо ниҳод. Душман бо тамоми ҳастӣ эҳсос кард, ки ин сарзамин, бавижа води Зарафшон – Панҷакату Самарқанди қадим бесоҳиб нест.

    Ҳаёти ибратбахш, ҷасорату азхудгузаштагӣ ва фоҷеаи Деваштич бори дигар ёдрас мешавад, ки ҳеҷ мафҳум муқаддастару муқаддиматар  аз Меҳан нест ва нахоҳад буд.

     Китоб зери назари профессор нуъмонҷон Ғаффорӣ омода шудааст ва дар фароҳам овардани он Бузургмеҳри Баҳорду заҳмат кашидааст.

Китоб таърихи гузашта ва имрӯзаи ноҳияи Деваштичро дар бар мегирад.

Китоби “Деваштич” – ро шумо  метавонед дар китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Мавзуна Назарова