Китоби нав. “Девон”-и Имлои Бухороӣ
Имлои Бухороӣ дар шумори суханварони соҳибноми адабиёти охири асри ХVII ва аввали асри ХVIII ба шумор рафта, нусхаҳои зиёди хаттӣ аз Девони ў дар китобхонаҳои кишварҳои олам маҳфузанд.
Девони шоир, ки ба тозагӣ чоп шудааст, бар асоси муқобила ва қиёси се нусхаи хаттии маҳфуз дар хазинаи дастнависҳои Маркази мероси хаттии назди раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Китобхонаи АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Китобхонаи ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Девон фарогирии маҷмўи ғазалиёт, маснавиҳо ва рубоиёти шоир буда, бори аввал ба шакли мукаммал дар Тоҷикистон нашр мешавад.
Китоб барои доираи васеи хонандагон дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд чоп шудааст.
Мураттибон навиштаанд, ки “то кунун Девони Имлои Бухороӣ дар Тоҷикистон ба таври мукаммал таҳия ва нашр нагардидааст. Танҳо намунаҳои ғазалиёти вай дар китобҳои дастаҷамъии «Гулшани адаб», «Шоирони Мовароуннаҳр», «Суханварони Балх» ворид гардидаву ба хонандагон манзур шуда буданд. Ҳарчанд яке аз нашрҳои асосии девон аз ҷониби муҳаққиқи зиндаёд корманди Академияи илмҳои Ӯзбекистон Шониёз Мўсоев дар Ҷумҳурии Исломии Эрон нашр гардида буд, аммо матни мазкур танҳо дар асоси нусхаи хатии маҳфуз дар китобхонаи ба номи Абурайҳони Берунии АУ Ҷумҳурии Ӯзбекистон рўи чоп омада буд. Соли 2018 ҳамин нашри дар Эрон анҷомёфтаи девони Имлои Бухороӣ ба истиқболи оғози муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо хати сириллик баргардон ва зери назари узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Точикистон Мирзо Муллоаҳмад ба чоп расид, ки бо назардошти ба асос гирифтани як нусха он матни пурраи девони шоир буда наметавонад.
Дар ҷараёни кори тасҳеҳи нашри нави «Девон» – и Имлои Бухороӣ мо аз се нусхаи хаттии дигари Девон истифода намудем, ки қаблан тавсифи он рафт. Аз ин рў, ҳангоми тасҳеҳи мо асосан нусхаҳои хаттии маҳфуз дар хазинаи дастнависҳои Маркази мероси хаттии назди раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва нашри мазкури китоб, ки дар асоси нусхаи хаттии Тошканд сурат гирифтааст, мавриди муқобала ва қиёс қарор гирифтанд. Дар ҷараёни тасҳеҳ аз нусхаи дастнависи №105 маҳфуз дар кабинети ба номи Ш.Ҳусейнзода, китобхонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ ба кор гирифта шудааст.
“Девон”-и Имлои Бухороиро шумо ҳоло метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Шарофат Мирзоева.