Китоби нав. “ДЕВОН” – и Камоли Хуҷандӣ
Сарзамини тоҷикон зодгоҳи шоирони оламшумул, олимони машҳур ва мардони диловар қаҳрамон ба шумор рафта, дар замони истиқлоли миллӣ, хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё гардидааст.
Камоли Хуҷандӣ дар илму фазл чеҳраи бисёр тобноки замони худ буда, зиндагиву фаъолияти ў имрўз мояи ифтихор ва омўзиши оламиён мебошанд ва то имрўз аз шоир ба мо осори гаронбаҳое ба мерос мондааст.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО доир ба ду ҷашнвораи басо арзишманди таърихиву фарҳангии миллати тоҷик қарор қабул намуд. Яке аз ин санаҳои муҳим – бузургдошти 700 – солагии шоири маъруфи Шарқ Камоли Хуҷандист, ки муҳтавои осори ўро, пеш аз ҳама, тарғиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ташкил медиҳад.
“Девон”- Камоли Хуҷандӣ дар ҳаҷми 1328 саҳифа дар нашриёти “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд бо сарсухани пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳадяи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудааст, ки бешак рӯйдоди хурсандиовар дар ҳаёти фарҳангии кишвар мебошад.
Ин китоб ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шуда ва ҳоло дастраси хонандагони азиз мебошад.
Шарофат Мирзоева