Китоби нав. “ Дили ў равшан аз сўзи дарун буд”

Дили ў равшан аз сўзи дарун будИн китоб соли 2023 дар нашриёти “Эр-граф” чоп шудааст. Он аз се бахш иборат буда, намунаҳо аз осори журналистии собиқ муҳаррири нашрияи “Садои мардум” марҳум Бобоҷон Абдулвоҳидов, аксҳо аз лаҳзаҳои корӣ ва дар ҳалқаи пайвандон, инчунин меҳрномаҳои ҳампешагону ҳамнишинонро ташкил медиҳад.

Чун мисол чанд сатр аз ин навиштаҳоро, ки дар охири муқоваи китоб гулчин шудаанд, ин ҷо меорем.

Бобоҷон Абдулвоҳидов шояд яке аз хабарнигорони ангуштшуморе буд, ки моҳияту ҳадафҳои шакли думаҷлисаи Маҷлиси Олӣ, сохтори он ва Парламентаризми тоҷикро хуб дарк мекард ва аз ҷараёни фаъолияти он гузоришу мақолаҳоеро бо камоли нуқтафаҳмӣ рўи коғаз меовард.

Муҳтарам Ҳотам,

Нависандаи халқии Тоҷикистон

Чанд сол шуд, Бобоҷон дар миёни мо нестанд, аммо то ҳол дар хоби шабам медароянд: ҳамон дафтари корӣ, мизи пур аз коғаз ва лабханди ҳамешагӣ.

Шаҳрия Аҳтамзод,  шоира

Бобоҷон мададгори кормандонаш буд, на сарфармондеҳи онҳо, машваратгар ва маслиҳатгари онҳо буд, на ҳукмфармо. Ва чунинаш хислати бобокалонҳои баҳикматро мемонд, ки нуфузи хирадаш корҳоро амалӣ мекунад, ё такон мебахшад.

Шераки ОРИЁН, нависанда

Бобоҷон Абдулвоҳидов дар баробари мақолаҳои зиёдаш фарзандону номи некаш ба ёдгор мондааст. Хамчунин ў як коллективи бузургеро дар рўзномаи «Садои мардум» ба ёдгор гузошт, ки баъди даҳсолаҳо ҳам пойдевори мустаҳками ин идора боқӣ мондаанд.

Хуриннисо АЛИЗОДА, журналист

Акаи Бобоҷон нафаре буд, ки баҳри бо некӣ мондани номаш шабу рўз заҳмат мекашиду то вопасин лаҳзаи зиндагӣ дар сангари мардонагӣ қарор дошт.

Далер АБДУЛЛО, журналист

Чун зиндагиро дўст медошт, шояд умеде ба шифо ёфтан дошт, ки ҳатто васияте ҳам накард. Эҳсос мекардам, ки аз дарди ҷонкоҳ ҷисму ҷонаш месўхт. Бо сабру таҳаммули ҳамешагӣ дар як рўзи сарди зимистон рахти сафар баст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
журналист

Китоби “Дил ӯ равшан аз сӯзи дарун буд”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Шарофат МИРЗОЕВА