Китоби нав: «Диншиносии илмӣ»

Диншиносии илмӣМуаллифони ин китоб Муродзода Илҳомҷон Давлат, Норбоев Юсуфҷон Мардонқулович буда, он аз матни мухтасари лексияҳо аз фанни «Диншиносӣ» иборат буда, барои донишҷӯёни ихтисосҳои шаклҳои таҳсили рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳҳои омӯзгорӣ пешбинӣ шудааст. Дар маҷмуаи матни лексияҳо, рӯйхати адабиёти асосию иловагӣ ва як қатор суолҳои тестӣ барои арзёбии ниҳоии дониши донишҷӯён (санҷиш ва имтиҳон) оварда шудааст.

Чуноне дар муқаддимаи китоб омадааст, диншиносӣ ба маънои умумӣ «дониш дар бораи дин аст, ки мо дар ҷараёни омӯзиши илмии он ба даст меорем». Аммо барои дарки пурратари моҳият ва ҳадафи омӯзиши дин чунин тавсиф кофӣ нест. Барои фаҳмиши мукаммали масоили зайл пешниҳоди як қатор муқаррароти аниқкунандаи иловагии зерин ҳатмист:

  • Мавҷудияти дин дар таъриху ҳаёти имрӯза назарраси он ба шуур ва рафтори одамон равшан аст. Аммо аз ин чунин хулоса барнамеояд, ки дар бораи худи дин, моҳият ва мазмуни он чунин фаҳмиши равшан ва аз тарафи умум эътирофшуда вучуд дорад;
  • Тақрибан ҳар дин дар дарки пайравонаш як ҳақиқати раднопазир ва истисноӣ дорад ва ин ҳолат дигаронро аз мақоми дини «ҳақиқӣ» маҳрум месозад. Аз ин рӯ, тафсири дин, ки аз нигоҳи кадом як эътиқоди хос сурат мегирад, ҳеҷ гоҳ барои ҳама қонеъкунанда ва қобили қабул нахоҳад буд;
  • Дар баробари ин, муносибати одамон ба дин ва зуҳуроти он дар тули ҳазорҳо сол ва то имрӯз якранг ва танҳо мусбат набудааст. Вай ҳамеша дар вобастагии бевосита ё бавосита ба муҳити иҷтимоӣ, хусусиятҳои идеявию сиёсию идеологии он, ангезаҳои ҳукмрон дар муҳити коллектив ва инфиродӣ ва бисёр омилҳои дигар сохта мешавад. Ин ҳолат қабули ҳар як нуқтаи назари ягонаро дар бораи дин боз ҳам душвортар мекунад;
  • Дар баробари ин маълум мешавад, ки на танҳо мавҷудияти бисёр динҳо дар ҷаҳон воқеият аст, балки инчунин диди бошуурона ё интуитивии фарқи куллии онҳо аз фалсафа, санъат, табиатшиносӣ ва ё умуман, аз илм. Дар натиҷа, ногузир чунин мушкилоте ба миён меояд: дар паси мафҳуми «дин» чӣ меистад ва ин падидаро чӣ гуна бояд шарҳ дод, то ба воқеият мувофиқат кунад ва боиси радди қатъӣ нашавад? Аз ин рӯ, кӯшиши ба даст овардан ба фаҳмиши ҳамаҷониба ва салоҳиятнокии дин, ки аз тафсирҳои субъективӣ холӣ бошад, комилан мувофиқ ва ҳатто зарур аст. Мутахассисони соҳаи дин даъват карда мешаванд, ки чунин фаҳмишро инкишоф диҳанд.
  • Омӯзиши илмии дин ва аз худ кардани он ҳамчун фанни таълимӣ диндории шахсиро истисно намекунад, инчунин ба ягон дин пайравӣ карданро низ водор намекунад. Талаби объективӣ мазмуни ин гуна фаъолиятро аз ҳар гуна амалияи мазҳабӣ берун мегузорад. Муносибати илмӣ ва маърифатӣ ба дин дар диншиносӣ бешубҳа авлавият дорад. Ин маънои онро дорад, ки он пеш аз ҳама ҳамчун объекти фаъолияти тадқиқотии назариявӣ ва амалӣ ба ҳисоб меравад. Ин равиш улуми динро аз эътирофи дин, ки дар он дониш, аз ҷумла донишҳои илмӣ, ба ҳолати эътиқод тобеъ аст, ба таври куллӣ ҷудо мекунад.

Ҳамин тариқ, диншиносӣ донишҳоеро дар бораи дин дар бар мегирад ва ба низом медарорад, ки бо ёрии воситаҳои тадқиқоти донишҳои илмӣ ба даст оварда шудаанд.

 Китоби «Диншиносии илмӣ» дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёф аст. 

Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.