Китоби нав. “Донишномаи психологӣ”

Донишномаи психологӣМуаллифони ин китоб  Н.Саидзода, Х.Раззоқов ва А.Аминов буда, дар он мазмун ва моҳияти васеи истилоҳу мафҳумҳои илми психология, ҷанбаҳои илмию назариявии вожаҳои психологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мураттибон бо истифода аз дастовардҳои илмии олимони ватанию хориҷӣ истилоҳу мафҳумҳои илмӣ-психологиро шарҳ ва таҳлил намуданд.

Дар сарсухани китоб омадааст, ки донишномаи психологӣ дастури таълимие мебошад, ки ҷиҳати шарҳ ва тавзеҳи масъалаҳои назариявию амалии илми психология бахшида мешавад. Донишномаи мазкурро барои азхудкунии фанҳои “Муқаддимаи ихтисоси психолог”, “Психологияи умумӣ”, “Психологияи синусолӣ”, “Психологияи педагогӣ”, “Психологияи касбӣ”, “Ташхиси психологӣ” “Методҳои математикӣ-оморӣ дар психология” ва тадриси дигар фанҳо мавриди истифода қарор додан мумкин аст.

Донишҳои бадастовардашударо барои ҳамаҷониба ва амиқтар омӯхтани хусусиятҳои психологии атрофиён ва шахсияти хеш дар амалия истифода бурдан мумкин аст. Гузашта аз ин донишҷӯён дониши азхудкардаашонро дар давоми таҳсил дар донишгоҳ дар рафти таҷрибаомӯзии омӯзгорию истеҳсолӣ, барои баланд бардоштани самаранокии корҳои мустақилонаи таълимӣ ва ташкили муошират дар гурӯҳҳое, ки аъзои онҳо мебошанд, истифода мебаранд. Донишҳои психологӣ дар ташаккули равияи касбию педагогии донишҷӯён, бавуҷудоии шавқу ҳавас ба кори омӯзгорӣ ва инчунин пайдоиши хоҳиш омӯзонидан ва ташаккул додани маҳорату малакаҳои психологӣ ба самаранокии фаъолияти таълими мусоидаткунанда, аз ҷумлаи малакаҳо дар самти худидоранамоӣ, худислоҳсозӣ, ба роҳмонии муоширати солими психологӣ дар фаъолияти таълимию меҳнатӣ ва ғайра нақши муҳим мебозад.

Донишномаи мазкур мувофиқи ҳаҷму вазифаааш ҳамаи калимаю истилоҳҳои психологиро дар бар намегирад (мураттибон низ дар назди худ чунин мақсад нагузоштаанд). Дар он зиёда аз 600 мафҳумҳои  маъмулии илми психология инъикос гардидааст, ки пеш аз ҳама ба донишҷӯи мактаби олӣ – омӯзгори насли наврас, муҳаққиқ ва бунёдкори ҷомеаи навин муҳиму заруранд.

Дар донишномаи мазкур раванди қабулшудаи ихтисораҳои шартӣ истифода шудааст. Мафҳумҳои бо курсив чопшудаи дохили матн ба он ишора мекунад, ки хонанда дар хусуси он аз дигар ҷои донишнома бо тартиби алифбо маълумоти дахлдор пайдо карда метавонад.

Хонандагон метавонанд китоби «Донишномаи психологӣ»-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.