Китоби нав. Е.К.Мейендорф: “Сайёҳат аз Оренбург ба Бухоро”

Сайёҳат аз Оренбург ба БухороКитоби «Саёҳат аз Оренбург ба Бухоро»-и Е.К. Мейендорф бори нахуст аст, ки ба забони тоҷикӣ пешкаши хонандаи гиромӣ мегардад. Асари мазкур дар асоси мушоҳидаҳои муаллиф аз вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Аморати Бухоро дар чоряки аввали асри XIX таълиф шудааст. Китоб соли 2023 аз ҷониби Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст.

Таърихи робитаи байни халқҳои русу тоҷик хеле тўлонист. Аз рўи маълумоти мавҷуда, то ташкилёбии давлати Руси Киевӣ (асри IX), славянҳои шарқӣ бо Мовароуннаҳру Хуросон муносибати тиҷоратӣ доштанд. Баъди парокандагии феодалӣ ва ташкилёбии давлати муттамаркази Рус (асри XV), робитаҳои савдоию сафоратӣ (дипломатӣ), дар заминаи расмии давлатӣ қарор ёфтанд. Рушди ояндаи ин муносибатҳо, шинохти таърихию анъанаҳои халқии тарафайнро бештару қавитар гардонд.

Вобаста ба равнақи иқтидори сиёсию ҳарбии Россия, алалхусус дар замони салтанати Пётри I (1689-1725), ки ин давлат ба империяи абарқудрат табдил ёфта буд, Осиёи Миёна ба доираи геополитикии он бештар ворид мешуд, омўзиши бисёрсамтаи ин минтақа ба ҳадди сиёсати давлатии Россия баромад. Аз ин рў, дар адабиёти илмӣ[1]оммавӣ, матбуоти даврӣ ҳанўз то замони истилои минтақа (1864-1885) ва ба мустамлика табдил додани он, маълумоти хеле зиёд доир ба таърих, вазъи сиёсӣ, иҷтимоии хонигариҳои Осиёи Миёна ба табъ расида буд. Дар ин ҷода бояд аз арзиши илмию маъхазии китобу мақолот, қайдҳои сафарию ёддошт ва дигар навиштаҳои аз худ боқигузоштаи муаллифони рус Флорио-Беневени, Н.Муравёв, Ф.С.Ефремов, Е.К.Мейендорф, П.С.Савелев, бародарон Н.В. ва Я.В. Ханиковҳо, В.В.Завялов, В.В.Веляминов–Зернов, Г.И.Данилевский, Н.Г.Залесов, С.Зиков, П.И.Неболсин, А.Н.Попов ва дигарон ёдовар шуд.

Дар байни сафирону сайёҳони рус, ки дар нимаи аввали асри XIX ба Осиёи Миёна, хосатан Бухоро ташриф оварда, муносибатҳои савдоию дипломатии аморатро бо империяи Россия тақвият бахшидаанд, сафорат зери роҳбарии дипломати касбӣ, донандаи хуби забонҳои форсию туркӣ А.Ф. Негри, ки бо хоҳиши амир Ҳайдар (1800-1826) ва ташаббуси императори Россия Александри I (1801-1825), соли 1820 сурат гирифтааст, мақоми хоса дорад. Агар чанде дар маркази диққати гуфту шуниди намояндагони дипломатии Россия бо амир масоили рушди муносибатҳои савдоӣ бошад ҳам, омўзиши вазъи сиёсию иқтисодӣ ва сарватҳои табии он аз тарафи намояндагони ин сафорат, олими табиатшинос Э.А.Эверсман ва офитсери ҷавон – капитани Штаби генералии Россия Е.К.Мейендорф барои дарки воқеии вазъи Аморати Бухоро аҳамияти назаррас доштанд.

Дар ин ҷода китоби дар асоси мушоҳидаҳои худ таълиф намудаи Е. К. Мейендорф «Саёҳат аз Оренбург ба Бухоро» то кунун қимати маъхазӣ ва илмии худро нигоҳ медорад. Муаллиф бо маҳорати баланд тавонистааст, вазъи сиёсию иқтисодии Бухорои охири асри XVIII – ибтидои асри XIX-ро воқеъбинона таҳлил намояд. Мавриди қайд аст, ки гарчанде баъзе ҷузъиёти ин таълифот бо забони русӣ дар маҷаллаҳои даврии Россия ба табъ расида бошад ҳам, дар шакли китоб соли 1826 дар Париж ба забони фаронсавӣ ва ҳамзамон дар Йен (Олмон) тарҷумаи немисии он рўи чоп омад.

Сабаби бо забонҳои ғайр ба нашр расидани китобро Н.А.Халфин дар он мебинад, ки ибтидои асри XIX Фаронса чун давлати абарқудрату соҳибмустамлика, барои ба тобеъияти худ даровардани мулкҳои феодалии аз ҷиҳати иқтисодию ҳарбӣ қафомонда ҳавасманд буд. Дар ин ҷода хонигариҳои Осиёи Миёна, ки дар ҳолати парокандагии феодалӣ ва низои дохилӣ бошанд ҳам, мустақилияти худро нигоҳ медоштанд, аз эҳтимолияти забткории он берун буда наметавонистанд. Аз ин рў зарурати шиносоӣ ба маълумоти дар китоби «Саёҳат аз Оренбург ба Бухоро»-и Е.К.Мейендорф, ки дар он вазъи сиёсӣ ва иқтисодии хонигариҳои Осиёи Миёна, хосатан Бухоро воқеъбинона инъикос ёфтааст, сабаби асосии чопи ин таълифот ба забонҳои фаронсавӣ ва олмонӣ ҳисоб меёбад.

Ба забони русӣ дар он давра чоп нашудани китоб низ бесабаб набуд. Онро дар доираи зиддиятҳои сиёсии давлатҳои Аврупо кашидани Россия баъди ғалаба аз болои Наполеон ва сурат гирифтани сиёсати ҷангҷўёнаи Туркия, ки ба ҷанги Қрим (1853-1856) оварда расонд, бояд дид. Ҳамин тариқ, кўшиши ба забони русӣ ба чоп расондани китоб дар муддати 1,5 аср ба таъхир афтод.

Хушбахтона, бо кўшиши шарқшиноси шўравӣ Н.А. Халфин ин рисолаи арзишманд ба забони русӣ соли 1975 ба табъ расид. Олим мўҳтавои зарурати ба дасти мутахассисон ва доираи васеи хонандагон расондани ин маъхази дасти аввалро чунин шарҳ додаааст: «Ин таълифот гуфтан мумкин аст, аввалин тавсифи Бухорост, ки ба қалами саёҳатчии аврупоӣ тааллуқ дорад. Дар он маълумоти ҷолиб доир ба сохтори маъмурии хонигарӣ дар аввали асри XIX, вазъи табии-ҷуғрофӣ, алоқаи байниҳамдигарии иқтисодии шаҳрҳо, таърих ва тарҳи онҳо, тарзи хоҷагидорӣ ва урфу одати аҳолӣ оварда шудааст». Ҳамчунин, дар китоб маълумоти ҷолиб доир ба хонигариҳои Хева ва Қўқанд низ ба назар мерасад.

Мо аз сарсухани узви вобастаи АМИТ Ҳайдаршо Пирумшо ба китоби Е.К. Мейендорф “Саёҳат аз Оренбург ба Бухоро”, ки соли 2023 Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр кардааст, поре овардем. Идомаи сарсухан ва худи китобро шумо метавонед дар Телеграмканали мо мутолиа кунед.

Он ин ҷост: “САЁҲАТ АЗ ОРЕНБУРГ БА БУХОРО” 

Таҳияи Райҳона РАҲМАТОВА,
мутахассиси пешбари
Маркази Тоҷикшиносӣ