Муаррифӣ. Эҳсон Сафарзода: “Зиёӣ”

Китоби “Зиёӣ”-и донишманди ҷавони тоҷик Эҳсон Сафарзода фарогири мақолаҳои муаллиф буда, дар меҳвари навиштаҳо фаъолияти Пешвои миллат ҳамчун намунаи олии зиёӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, рисолати зиёӣ дар замони муосир, дӯст доштани Ватан ва дар маҷмуъ, маърифатманд намудани ҷомеа қарор дорад. Муҳаққиқ бо дидгоҳи амиқи илмӣ ва таҳлили воқеъбинона масъалаҳои мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, пешниҳоду андешаҳои судманд ироа намудааст.

Тавре дар муаррифии кутоҳи он омадааст, омӯзиши ин китоб барои аҳли илму маориф, муҳаққиқон, устодону омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён ва алоқамандони таълиму тарбия муфид мебошад.

Академик Муҳаммадюсуф Имомзода дар сарсуханаш ба китоби мазкур аз ҷумла навиштааст, ки китоби нави муҳаққиқи ҷовону умедбахш, номзади илмҳои филологӣ Эҳсон Сафарзода “Зиёӣ”  ба яке аз мавзӯъҳои муҳимму мубрами замони муосир бахшида шудааст. Муаллиф солҳои зиёд ба омӯзиш, таҳқиқ ва пажуҳиши масъалаҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва рисолати зиёӣ дар ҷомеаи муосир машғул буда, тавонистааст масоили мазкурро бо таҳлилу баррасии амиқ шарҳу тавзеҳ бахшад.

Аз ин ҷост, ки дар китоби мазкур масъалаҳое мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, ки ба худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи наврасону ҷавонон ва боло бурдани маърифати ҷомеа мусоидат менамоянд. Навиштаҳои дар китоб гирдовардашуда пештар дар матбуоти даврӣ ба нашр расида, аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта шудаанд. Муаллиф бо таҳлилҳои амиқу густурда ба назари илмӣ мавзуъҳоро таҳлилу таҳқиқ намудаастӣ.

Мусаллам аст, ки сарчашмаи ҳамаи дастовардҳои замони истиқлол хидматҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Аз ин рӯ, дар навиштаҳои китоб корномаҳои Пешвои миллат таҳлил гардида, хонанда ба нақши таърихии Сарвари давлат дар таҳкими истиқлол, Ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдорӣ шинос мегардад. Ҳамзамон, хонанда дар мисоли корномаи Президенти кишвар ба рисолати воқеии зиёӣ ва нақши равшанфикрон дар ҷомеаи муосир ошноӣ пайдо мекунад.

Навиштаҳои китоб бо забони равону сода, таҳлили амиқу ҳамаҷониба ва пешниҳоди андешаҳои судманд таълиф гардидаанд. Мусаллам аст, ки маҳз тавассути баланд бардоштани маърифати ҷомеа метавон ба дастовардҳои бузург ноил гардид.

Воқеан, пойдориву устувории Истиқлоли давлатӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва бедории шуури миллӣ кафили фардои дурахшони Ватани азизамон – Тоҷикистон мебошад.

Китоби Эҳсон Сафарзода “Зиёӣ” ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолаа мебошад. 

Шаҳнавоз Акрамова,

мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд